Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон оид ба таҳвил, насб ва ба истифода додани таҷҳизоту воситаҳо барои таҷдиди низоми мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар кӯли Сарез қарордод ба имзо расонид.
Қарордод қисмате аз Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ мебошад, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд (БОР) дар ҳаҷми 10 млн доллар маблағгузорӣ мешавад.
Қарордод ба маблағи 750 ҳазор доллар бо ширкати KS-Group Limited Liability Partnership-и Қазоқистон баста шуд, ки дар озмуни тендерии кушоди БОР интихоб карда шуд.
Таъмингари таҷҳизот инчунин оид ба тарзи кор бо таҷҳизоти нав, ки ба истифода доданаш моҳи июли соли 2021 дар назар аст, машғулиятҳо мегузаронад.
Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.
Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Социальное жилье в Таджикистане. Какие изменения есть в законодательстве?
Куда можно сдать отходы на переработку в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 января 2025 года
Женский футбол в Таджикистане ломает стереотипы, но ему очень нужна поддержка
Как США покупали и захватывали земли других стран
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Кремль: Путин открыт к встрече с Трампом
"Талибан" требует от Запада уплаты репараций за 20 лет войны в Афганистане
Центральная Азия для США - не приоритет
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста