Мақомот бо дастури риояти чанде аз шартҳои беҳдоштӣ ба марказҳои дилхушӣ ё “дискокулубҳо”-и Хуҷанд иҷозаи дубораи кор дод. Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, дар сурати риоя нашудани талабот, онҳо дигарбора дари “дискокулубҳо”-ро мебанданд.
Баъди як моҳи қатъи фаъолият дубора қарори иҷозаи кори марказҳои дилхушӣ ё худ “дискокулубҳо”-и Хуҷанд содир шуд. Ин қарор баъди он содир шуд, ки мақомот мегӯяд, шумораи гирифторшавӣ ба бемориҳои коронавирус ва илтиҳоби шадиди шуш дар Хуҷанд бамаротиб кам шудааст. Роҳбарони марказҳои дилхушӣ огаҳонида шудаанд, ки дар асоси қарор “Оиди пешгирии хатари паҳншавии COVID-19” аз ин ба баъд корбарӣ кунанд. Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд Таҳмина Усмонова мегӯяд, роҳбарони “дискокулубҳо” дастуру супоришҳои қатъӣ гирифтаанд, ки бояд талаботи ин қарори беҳдоштиро риоя кунанд.
“Шартан ба фаъолияти марказҳои дилхушӣ иҷозати кор дода шудааст. Онҳо бояд тамоми қоидаҳои аз рӯйи дастурамал пешбинишударо аз ҷумла пӯшидани ниқоб, пеш аз ворид шудан ба дискоклуб ҳатман санҷиши ҳарорати бадан гузаронанд. Безараргардонии дастон ва гузоштани курсиҳо дар масофаи на кам аз 2 метр аз ҳамдигар дар дохили дискокулубҳоро ба инобат гиранд. Масъулини дискокулубҳо ҳатман бояд ин меъёрро риоя кунанд”.
Манбаъ мегӯяд, роҳбарони “дискокулубҳо” бо ин талабот огаҳанд ва дар сурати риоя нашудани ин меъёрҳо, мақомот фаъолияти онҳоро дигарбора қатъ мекунад. Қаблан дар нимаи моҳи октябр дар пайи як дастури раҳбари Маркази санитарию эпидемиологии Хуҷанд дари 8 марказҳои шабонаи дилхушии ин шаҳр ба гуфти мақомот “дар пайи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ” баста шуд.Он замон хурӯҷи бемориҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус дар миён буд. Ва мақомот гуфта буд “фаъолияти чунин марказҳои дилхушӣ дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок аст”.
Бино ба гуфти Таҳмина Усмонова, ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар Хуҷанд “нисбатан идорашаванда” аст ва сироятёбӣ ба бемориҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус бамаротиб кам шудааст. Вай афзуд, муроҷиатҳо бо ин бемориҳо хело кам шуда ва шабонарӯзи гузаштаи санаи 6-уми декабр танҳо як бемор бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар Беморхонаи сироятии Хуҷанд бистарӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста