Дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуда, аз 10 декабр интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад.
Дар муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик”, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст, барои имсол кашол ёфтани ин корҳо аз муштариён маъзарат хоста мешавад.
Ҳамчунин аз истеъмолгарони неруи барқ хоҳиш мешавад, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд.
“Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Хотиррасон мешавад, ки “тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ омада, захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем”.
Зимнан бори дигар ёдрас мешавад, ки фақат истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолат медиҳад, ки зимистони имсола бе ягон маҳдудият паси сар шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Рекордный снегопад в Москве: такого не было полвека
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
«Дюна», «Нарния» и «Голодные игры: Рассвет жатвы»: Самые ожидаемые фильмы 2026 года
В Таджикистане открылось трансферное окно: первые потери лидеров
Кого критиковал Эмомали Рахмон в 2025 году?
Трамп объявил о планах проведения сухопутной операции США против наркокартелей Мексики
Азербайджан экстрадировал на родину задержанного гражданина Таджикистана
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Свет опять подорожает, новые барьеры для въезда в США и история одного спасения
Эмомали Рахмон осуществил ряд кадровых перестановок в системе МВД
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 января 2026 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста