Дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми январ ҳам ягон ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 сабти ном нашудааст. Ин маълумотро Вазорати тандурустӣ пешниҳод мекунад. Аз ин пеш ҳам ба гуфтаи вазорати тандурустӣ рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ низ гирифторшавӣ набуд.

Ҳоло бар асоси иттилои дарёфтӣ то 4-уми январи соли 2021 дар Тоҷикистон 13300 нафар гирифтори СOVID-19 шудаанду 90 кас бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст. Аз ин шумора ба иттилои Вазорати тандурустӣ 13018 нафар сиҳат шудаанд. 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар беморхонаҳои Тоҷикистон дигар бемори гирифтори коронавирус бистарӣ нест ва беморони боқимонда дар шароити хона муолиҷа мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.