Ширкати консалтингии Henley & Partners 6 январ Шохис (индекс)-и шиносномаҳои ҷаҳонро нашр намуд, ки зиёда аз 15 сол инҷониб дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи байнулмилалии нақлиёти ҳавоӣ нашр мекунад.
Дар маълумот зикр мешавад, ки бо шиносномаи Тоҷикистон бидуни раводид (ё бо раводид замони расидан) метавон аз 58 кишвар боздид намуд. Дар ин рейтинг ҷумҳурии мо дар зинаи 85-ум ҷойгир шудааст, ки нисбат ба раддабандии моҳи октябр се зина поинтар аст.
Як зина поинтар аз Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон қарор дорад, ки бо шиносномаи он бидуни раводид метавон ба 57 давлат сафар кард.
Қазоқистон дар зинаи 70-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо бе раводид ба 75 кишвар рафта метавонанд. Қирғизистон дар мақоми 80-ум ҷойгир шуда, шаҳрвандони ин ҳамсоякишвар ба 63 давлат ва туркманистониҳо ба 53 давлат (зинаи 90-ум) бе раводид сафар карда метавонанд.
Шиносномаи Русия дар мақоми 50-ум қарор гирифта, бо он бе раводид ба 116 кишвари дунё сафар имконпазир аст.
Зинаи аввалро дар рейтинг Ҷопон ишғол намудааст, ки шаҳрвандонаш бе раводид аз 191 кишвари дунё боздид карда метавонанд. Зинаи дуюмро Сингапур (190 кишвар) ва зинаҳои сеюму чорумро Кореяи Ҷанубӣ ва Олмон (ҳар ду - 190 кишвар) касб кардаанд.
Дар зинаи охири рейтинг Афғонистон ҷойгир шудаст. Шаҳрвандони ин кишвар бе раводид ба 26 кишвар сафар карда метавонанд.
Индекси шиносномаҳои Henley & Partners рейтинги байнулмилалии кишварҳо оид ба сатҳи озодии равуо мебошад, ки онҳо ба шаҳрвандони худ пешниҳод кардаанд. Дар он қоидаҳои марбут ба раводид дар зиёда аз 200 кишвар ва қаламравҳо ба риштаи таҳлил кашида шуда, давлатҳо мувофиқи имкони сафари бе раводид ба дигар давлатҳо раддабандӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.