Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ аз баргузории озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки ғолибони ин озмун бидуни имтиҳон ба донишгоҳҳо пазируфта шаванд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дастур дод, ки ба хотири боло бурдани нақши илм дар Тоҷикистон озмуни нав бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» ташкил шавад.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳузури густардаи хонандагон дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" тавсиф кард ва ҳатто гуфт, ки сатҳи суханронии бархе аз наврасони ширкаткунандаи ин озмун аз аъзои ҳакамони ин озмун баландтар буд. Ман ба иззати нафси касе расидань нестам, вале сатҳи суханронии баъзе аз хонандаҳо аз аъзои ҳакамон ва шоиру нависандаҳову рӯзноманигорону барандаҳо баландтар буд.
"Баъзе академикҳову шоирони бузургамон кӯдакони 5-6-соларо чуноне пурсупос карданд, ки ягон прокурор ҷинояткорро ин гуна пурсу пос намекунад. Ин худ як қаҳрамонист. Чаро мо инро қабул накунем",-гуфт раисҷумҳур.
Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки сатҳи ин озмун бояд боз баландтар карда шавад. Ӯ аз сохторҳои давлат ва ниҳодҳои ҷомеа талаб кард, ки пешниҳод кунанд, ки чӣ ҷоизае барои падару модар ва омӯзгорони ғолибони ин озмун таъсис диҳем. Раисҷумҳур ба ҳама ниҳодҳо дастур дод, ки барои ҳавасмандгардонии маънавии омӯзгорон ва волидайни ғолибони ин озмун даст ба кор шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
В Магдебурге автомобиль въехал в толпу людей на рождественской ярмарке
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Ужасы маленького городка, зима не в радость и мигрантские дискуссии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 декабря 2024 года
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста