Дар Тоҷикистон имсол ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамасола бо ҳузури прездент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ гузаронида мешуд, таҷлил карда намешавад. Дар назар буд, имсол ҷашни асосии Наврӯз дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон баргузор шавад, вале ба гуфтаи масъулони Вазорати фарҳанг дар барнома нест.
Мирзоолим Саидов сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфт, ки имсол дар ҷашни Наврӯз меҳмонон аз хориҷа даъват нашудаанд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ҳунармандони Тоҷикистон, овозхонҳо, ҳунарпешаҳои театр театр ва фарҳангиёни дигар ширкат мекунанд.
Ӯ гуфт "имсол дар "Наврӯзгоҳ" ҳеч ҷорабини баргузор намешавад. Дар боғи “Куруши Кабир”-и ноҳияи Шоҳмансур, боғи Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, боғи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва майдони назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон дар ноҳияи Сино консертҳо баргузор мешаванд".
Ба гуфтаи Мирзоолим дар аввал дастур буд, ки ҷашни асосии Наврӯз дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таҷлил мешавад, аммо ҳоло дар барнома нест ва дастуре ҳам дода нашудааст.
Соли 2020 ҷашни асосии Наврӯз дар вилояти Суғд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон таҷлил шуда буд. Соли гузашта замони ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон замони хуруҷи вируси куруно дар дунё ва кишварҳои ҳамсоя буд, аммо дар Тоҷикистон чорабиниҳои наврӯзӣ манъ карда нашуд, ки боиси сару садоҳо ва интиқодҳои шадид корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ шуд.
Ба гуфтаи Мирзоолим Саидов чорабини бузурги имсол бо ҳузури меҳмонон аз хориҷи кишвар дар ҷашнгирии 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Наврӯз ҷашни миллии мардуми ориёнажод ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ аст. Тоҷикистон ба унвони яке аз меросбарони асосии тамаддуни Наврӯз ҳамсола аз ин ҷашн истиқболи сазовор мекунад. Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста