Аз 14 март парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Қазоқистон оғоз мегарданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.
“Дирӯз, 4 март Қазоқистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо қарор қабул кард. Парвози аввалин рӯзи 14 март аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Эйр Остона" бо самти Алмаато-Душанбе-Алмаато “анҷом дода мешавад”, - хабар дод роҳбари Агентӣ.
Ба гуфтаи ӯ, парвозҳоро бо самти Душанбе-Алммато ва бозпас аз онҷо ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Эйр Остона” 2-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷро мекунанд.
“Парвози аввалин аз ҷониби Тоҷикистон, ки ширкати “Сомон Эйр” анҷом мендиҳад, рӯзи 18 март ба нақша гирифта шудааст”, - иброз дошт Субҳонзода.
Зимнан қайд шуд, ки парвозҳо бо риояи қатъии талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ва мутобиқи ҷадвали дар сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашршуда анҷом дода мешаванд.
Бо дигар кишварҳо ҳам гуфтушунид дорем
Икром Субҳонзода зикр кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Ҳиндустону Қирғизистон ва Русия низ гуфтушунид дорад.
“Бо ин давлатҳо гуфтушунид ҷараён дорад ва умедворем, ки ояндаи наздик алоқаи ҳавоӣ бо онҳо барқарор мешавад. Ҳамчунин омодагиамонро ба барқарор намудани парвозҳо бо Чин изҳор кардем, лекин то ҳол аз онҳо посух нарасидааст ва масъаларо меомӯзанд”, - қайд кард ӯ.
Роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хотиррасон намуд, ки бо мақомоти марбутаи Русия аз моҳи июни соли гузашта гуфтушунидҳо дар ин хусус ҷараён доранд.
“Ҳар ду ҷониб қарори ситоди фаврии Русияро оид ба мубориза бо коронавирус интизоранд ва агар масъала мусбат ҳал шавад, алоқаи ҳавоӣ барқарор карда мешавад”, - илова кард ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.