Болоравии нархи бензин ва маводи дигари сӯхт дар Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрҳои вилояти Суғд гаштааст. Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд нархномаи хидматрасонии ширкатҳои таксӣ низ тағйир ёфтааст.
Ба далели болоравии нархи газ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзиши роҳкирои микроавтобусҳои дохили шаҳрии Хуҷанд аз 1,30 дирам ба 1,50 дирам гарон шуд.
Мурод Қодиров масъули Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобили хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт якбора боло рафтани қимати маводи сӯхт ба кори ронандагон таъсири амиқи худро расонидааст. Вай мегӯяд 90 дарсади микроавтобусҳои мусофиркашон бо сӯзишвории дизелӣ ва 10 дарсад бо газ кор мекунад, ки дар ниҳоят гароншавии ин маводи сӯхт ба кори ширкатҳои мусофиркашонӣ таъсири худро расонид.
“Ҳоло арзиши газ аз 3 сомонӣ то 4,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,80-5,90 сомонӣ то 8 сомонӣ гарон шудааст. Аз сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ маҷбур ба тарифи номиналӣ гушатем. Оғози соли 2018 фармони Вазири нақлиёти Тоҷикистон таҳти №19 содир шуда буд, ки мувофиқи он нархи мусофиркашонии дохилишаҳрӣ мебоист ҳамон сол 1,50 дирам шавад. Лекин он сол ба сабаби хуб набудани шароити аҳолӣ мо 1,30 дирам муқаррар карда ин нархро давоми се сол инҷониб нигоҳ дошта омадем”.
Дар ҳамин ҳол чанде аз ширкатҳои таксӣ дар Хуҷанд низ арзиши хизматрасонӣ дар барномаи муштариёнашонро иваз кардаанд. Як масъули ширкати такси “Maxim” мегӯяд нарх вобаста ба талабот ва вазъияти роҳ мисол аз маҳаллаи 34 то истгоҳи “Гулиҷаҳон”-и Панҷшанбе 8 сомонӣ шудааст, ки қаблан 7 сомонӣ буд.
“Ду се рӯз шуд нархнома ҳамин хел дар барнома иваз шудааст. Сӯзишворӣ қимат шуд аз ҳамин ҳисоб”-мегӯяд, масъули равобити умумии ширкат.
Оператори ширкати таксии “Рахш” мегӯяд арзиши роҳкиро ба мусофирон дар 4 километри аввали дохилишаҳрӣ 7 сомонӣ аст ва баъди убури марзи он барои ҳар як километри дохилишаҳрӣ 1,5 сомонӣ ва берун аз ҳудуди шаҳрӣ 2 сомонӣ зам мешавад. Аз рӯйи гуфти масъулини ин ширкат “нархномаи хизматрасонӣ иваз нашудааст” ва барои мисол аз маҳаллаи 34 то бозори Панҷшанбе 8 сомонӣ боқӣ мондааст.
Дар ширкати “Express Таксӣ” низ гуфтанд, ки гароншавии маводи сӯхт ба тағйири нархномаҳои онҳо ҳам сабаб шудааст.
Чанде аз ронандагони мошинҳои сабурав дар Хуҷанд низ дар суҳбат гуфтанд, ки арзиши хизматрасонии дохилишаҳрии таксиҳои сари роҳ низ 10 сомонӣ ва аз он зиёдтар шудааст, ки пештар камтар аз 10 сомонӣ буд.
Дар ҳоли ҳозир бино ба гуфти як манбаъ аз Идораи нақлиёти мусофиркашонии Хуҷанд, арзиши роҳкирои автобусҳои ҷамъиятии дохилишаҳриро дар марзи 1 сомонӣ нигоҳ дошта истодаанд. Манбаъ нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди бетағйир нигоҳ доштани нархи роҳкиро маводи сӯзишвории дизелӣ, ки асосан автобусҳо аз он истифода мебаранд то 2 сомонӣ ва аз он зиёдтар гарон шудааст. “Ин албатта ба роҳкирои мусофиркашонӣ дар автобусҳои давлатӣ ҳам таъсир мерасонад”-мегӯяд манбаъ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Президент Грузии вышла на протест против приостановления переговоров о вступлении в ЕС
Сборная Таджикистана поднялась в рейтинге ФИФА
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 ноября 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста