Нимаи шаби гузашта ба Тоҷикистон, воксини зиддикоронавируси аврупоии AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя ворид карда шуд. Дар ин бора Навруз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод. Ин нахустин мавриди ворид кардани воксини зидди коронавирус дар Тоҷикистон аст.
Бино ба иттилои манбаъ, «қаблан гуфта будем, ки барои дастрас намудани ин воксин ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода аст ва моҳи март онро дастарс хоҳем кард. Дирӯз воксин вориди кишвар гардид, вале ба пуррагӣ ворид нашудааст, марҳила ба марҳила ворид хоҳад шуд. Зеро дар умум бояд 732 ҳазор воя ворид карда шавад», - гуфт Ҷаъфаров.
Шоми 8 март ин миқдор воксин тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Ин воксин дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба воксинҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 воксини ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca” аст, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст.
Вуруди воксини зидди коронаврус ба кишвар дар ҳолест, ки бино ба иттилои вазорати тандурустӣ Тоҷикистон барои оғози маъракаи воксинзанӣ омодагӣ мебинад.
Ҷаъфаров ҳамчунин илова намуд, ки барои ин воксин ҷойи махсус омода шудааст, ки онҷо нигаҳдорӣ мешавад. Вале дар мавриди аз кай оғзоз кардидани давраи эмгузаронӣ сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилое надод.
Аммо ӯ қаблан ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки аз ин вояҳо ҳоло эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шуда, дар аввал гуруҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзбонӣ шомиланд, воксиназанӣ мешаванд. Ва ба гуфтаи номбурда, «ҳоло рӯйхати ин афрод тартиб дода мешавад. Ва баъдан шахсони аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд».
Ҷаъфаров гуфт, ки истеҳсолкунандаи воксини AstraZeneca Бритониёи Кабирва кишвари Шведсария аст, ки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои хариди ин воксин 8 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.
Аз ин пештар , 26 феврал вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки беш аз 6,7 миллион сокинони кишвар дар баробари коронавирус воксин зада мешаванд. 5,8 миллион нафар бо воксини русии "Спутник V» ва 1,8 миллион нафар тибқи барномаи COVAX.
Вазири тандурустӣ таъкид карда буд, ки дар айни замон мақомоти давлатӣ бо Русия дар мавриди дарёфти воксини «Спутник V» гуфтушунид мекунанд, аммо воксини ширкати AstraZeneca ба миқдори 732 ҳазор воя, ройгон, дар охири моҳи феврал ба Тоҷикистон ворид карда хоҳад шуд.
Ҳамчунин масъалаи воридоти ройгони воксини чинӣ дар суҳбати телефонии ахири Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин баррасӣ шудааст. Вале ҳоло маълум нест, ки воксини давлати Чин ба Тоҷикистон кай ворид мешавад.
"AstraZeneca" дар маъракаи эмгузаронӣ дар Британияи Кабир истифода мешавад ва барои истифода дар Кореяи Ҷанубӣ низ тасдиқ шудааст. Рӯзи 29 январ ин воксин дар Иттиҳоди Аврупо пас аз арзёбии мусбати Агентии доруҳои Аврупо низ тасдиқ карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
15 сокровищ Центральной Азии, охраняемых ЮНЕСКО
«Еда и транспорт». На что тратят деньги таджикские студенты?
Топ-5 советов, как быстро обучить ребёнка иностранному языку
«Работы нет, пенсии на жизнь не хватает». Какие трудности испытывают незрячие в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 ноября 2024 года
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста