Дар Тоҷикистон тақрибан ҳама маҳдудиятҳои замони ҳамагирии коронавируси COVID 19 бекор шуд, ба ҷуз маҳдудият дар шумораи ширкаткунандагони тӯйи домодиву арӯсӣ. Бархе аз соҳибони тарабхонаву тӯйхонаҳо мегӯянд, ки шояд Ситоди ҷумҳурявии муқобила бо коронавирус инро фаромӯш карда бошад.

Бештар аз 11 моҳ мешавад, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон баргузории тӯйи хонадошршавӣ  муваққтан маҳдуд шуда, то ҳол ин маҳдудият бекор нашудааст. Ин маҳдудият боис шудааст, ки дар баргузории тӯйҳо мардум роҳи нави қонуниву ғайриқонунии ҳузури бештари иштирокчиёнро пайдо кунанд. 

Дар Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳо ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки дар мавриди бекор кардани маҳдудият дар тӯйҳо ҳанӯз санади дигаре ба тавсиб нарасидааст.

"Ҳоло тибқи тавсияномае, ки вуҷуд дорад, барои иштирок дар тӯй танҳо 40 нафар иҷозат аст. Маҳдудият бо қарори Ситоди ҷумҳурявӣ барҳам дода мешавад, ки то ҳол ин Ситод дастуре содир накардааст",- гуфтанд дар Кумита.

Вазорати тандурустӣ ҳам мегӯяд, ки  ин мавзуъ ба Ситоди ҷумҳурявӣ дахл дорад.  

Ситоде, ки нест

Ниҳодҳои масъул дар ҳоле, ин мавзуъро марбут ба Ситод медонанд, ки ин Ситод дар Тоҷикистон бо ном вуҷуд дорад. Ин ниҳод на суроға, на дафтари корӣ, на сухнагӯ, на телефон, хулоса ҳеч василае барои тамос надорад. Дар борааш танҳо ҳамин қадар маълумот вуҷуд дорад, ки ин Ситод дар Тоҷикистон ташкил шудааст ва онро сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекунад. 

Вале бояд гуфт, ки ҳамин Ситоди ҷумҳуриявӣ на танҳо маҳдудияти ширкат дар тӯйҳо, балки баргузории барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, намозгузорӣ дар масҷидҳо, вохурӣ бо маҳбусон ва ғайраро маҳудуд намуда буд. Бо гузашти замон ва беҳтар шудани вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар, вохӯрӣ бо маҳбусон (16 ноябри 2020 иҷозат дода шуд, ки аз 31-уми март манъ шуда буд), намозгузорӣ дар масҷидҳо бо қарори Ситод, тақрибан баъди як сол, аз 1-уми феврали имсол иҷоза шуд,  Ҳамзамон дигар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат дода шуд. Ин ки чаро маҳз тӯйҳо ҳануз дар банди маҳдудиятҳо мондаанд, ниҳодҳои масъули давлатӣ посух надоранд

Соҳибони тарабхонаҳо чӣ мегӯянд?

Масъалаи мазкур, ҳамчунин масъулони тарбахонаҳоро низ нигарон кардааст, ки бо маҳдуд гардидани шумораи ширкаткунандагон дар тӯй даромади онҳо низ пойин рафтааст. Тарабхонаҳову тӯйхонаҳо, ки даромадашон бештар аз ҳисоби ин гуна маъракаҳо буд, осебпазир гардиданд.
Масъули яке аз тарабхонаи сермизоҷи пойтахт, ки нахост аз ӯ ном бибарем гуфт, ки маҳдудиятҳо 11-моҳа ба фаъолияти онҳо зарари калоне расонидааст ва онҳо наметавонанд бо иштироки 40 нафар иштирокчиён дар тӯй зарари худро ҷуброн кунанд. Ин манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ҳарчанд дар кишвар ҳама маҳудудиятҳои марбут ба ин беморӣ бардошта шудааст, вале мо намедонем чаро то ҳол маҳдудияти ширкат дар тӯйҳо бекор намешавад.

Ӯ мегӯяд, «ҳарчанд дар бештари тарабхонаҳо бо иштироки 100 нафар тӯйи хонавдоршавӣ гузаронида мешавад, вале ин расмӣ нест ва ҳам масъулони тарабхона ва тӯйдор то тамом шудани маърака дар ҳарос ҳастанд. Баъзеҳо мегӯянд тӯй барои 100 нафар иҷозат аст, вале дар кумитаҳои дахлдор ба мо ҳам мегӯянд, иҷозат танҳо барои 40 нафар аст. Шояд Ситоди ҷумҳурявӣ ин тарафи масъаларо фаромӯш карда бошад». 

Сад нафар ё 40 нафар?

Дар Тоҷикистон тибқи як қарори Ситоди ҷумҳурявӣ, аз 18-уми июн туйи хонадоршавӣдар давраи коронавирус, муваққатан бояд дар доираи то 100 нафар меҳмон ва танҳо 1 маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ гузаронида шавад. Вале аз Кумитаи дин мегӯянд, ки ин қаблан буд, ҳоло тавсиянома танҳо барои иштироки 40 нафар дода мешавад.

Ҳарчанд бархе шаҳрвандон мегӯянд, ки қарори иштироки 40 ё 100 нафар дар тӯйҳо риоят намешавад, аммо вуҷуди ин маҳудият роҳҳои дигари ҳалли мушкилро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳоло барои дарёфти иҷозаи ғайрирасмии ҳузури бештари меҳмонон муомилаҳои дигаре ҳам сурат мегирад. Гуфтугӯҳо дар мавриди додани як маблағи муайян барои дарёфти иҷоза аст, аммо ин сару садоро Кумитаи дин рад мекунад ва мегӯяд асосе наорад.

Дар Тоҷикистон маҳдудият ҳузури меҳмонон дар тӯйҳо, пас аз хуруҷи вируси куруно, бори нахуст 30-юми марти соли 2020 ҷорӣ шуда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.