"Блогерони тоҷик барои ташкили лото, лоторея ва бозиҳои бурднок дар Тоҷикистон бояд аз Вазорати молия иҷозатнома бигиранд, вагарна, фаъолияташон ғайриқонунист ва ҷаримаву ҷазоро дар пай дорад", - гуфтаанд ба Радиои Озодӣ дар дар Раёсати ҳуқуқи Вазорати молияи Тоҷикистон.
Дар Раёсат изҳор доштаанд, ки ба зудӣ ба қонуни марбут ба ин соҳа тағйиру иловаҳо ворид карда, блогерону ташаббускорони дигари бозиҳои бурднокро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ютуб, "ба фаъолияти қонунӣ" водор мекунанд.
Гуфта мешавад, моҳҳои охир ташкили лото ва бозиҳои дигари бурдноки молӣ тавассути шабакаи YouTube ва аз сӯи блогерони тоҷик афзоиш ёфтааст. "Борода.тҷ", "Барон", "Авлод-Медиа", "Замонавӣ Медиа" ва даҳҳо блогеру саҳифаҳои дигар дар YouTube бозиҳои бурдноку лото ташкил кардаанд.
Онҳо маъмулан мошинҳои дасти дувум, ҷоизаҳои пулӣ ва телефони мобил ва ҳатто хонаи истиқоматиро ба ҳайси ҷоиза эълон мекунанд. Баъдан билетҳоро бо нархи аз 100 то 200 сомонӣ ва ё аз 1 ҳазор то 3 ҳазор рубл ба фурӯш мегузоранд.
Зоҳиран харидорони билети ин гуна озмунҳо муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳастанд ва, бино бар ин, дар аксар маврид нархи билет бо рубли русӣ муайян карда мешавад. Аммо барандагони лото дар Тоҷикистон эълон шуда, ҷоизаҳоро низ дар инҷо месупоранд.
Масъулони саҳифаи Tajmix, ки низ бозиҳои бурднок ташкил мекунанд, гуфтаанд, аксар харидорони онҳо дар хориҷа ҳастанд ва мепурсанд, "чаро бояд дар Тоҷикистон иҷозатнома гиранд?".
Масъулини Кумитаи андоз моҳи феврали имсол фаъолияти 29 саҳифаи марбут ба блогерҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкор кардаанд, ки матлабҳои онҳоро аз 3 то 19 миллион бор тамошо кардаанд.
“Ба блогерони тоҷик то 1 апрели соли 2021 муҳлат дода шуд, ки дар мақомоти андоз худро ба қайд гузоранд ва аз даромади худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube андоз супоранд, вагарна нисбаташон чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд”, - изҳор дошта буд он замон сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози ҷумҳурӣ Шамсулло Кабирзода.
Аксарияти блогерони тоҷик мегӯянд, даромади онҳо начандон зиёд буда, имкони пардохти андозро надоранд ва ба гумони ғолиб, саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебанданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.