Тоҷикистон дар бораи қурбониёни низоъ дар марз бо Қирғизистон расман маълумот намедиҳад: Вазорати тандурустӣ, ВКД, Вазорати мудофиа комилан худро аз рӯзноманигорон канор мегиранд ва ҳатто гӯшии телефонро намебардоранд. Дар Қушӯнҳои сарҳадӣ ба саволи “Оё шумо маълумот пешниҳод мекунед”, посух доданд, ки “Мебинем”...
“Рӯзҳои даргирӣ дар беморхонаҳои Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 88 нафар захмиён - 64 нафар дар Исфара ва 24 кас - дар ноҳия бистарӣ шуданд. Аксарияти онҳо аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуда, қисмате ҷароҳат бардоштаву осеб дида буданд. Ҷабрдидагон шояд зиёдтар ҳам бошанд, ман ҳозир бистаришудагонро дар назар дорам”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.
Ба гуфтаи ӯ, қариб нисфи ҷабрдидагон рухсатӣ шуда, лекин захмишудагоне ҳастанд, ҳолаташон вазнин аст.
“Ҳозир дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи Исфара 1 ҷабрдида дар ҳолати вазнин қарор дорад. Тир аз қисмати сараш гузашта, ӯро ҷарроҳӣ карданд, лекин вазъаш рӯ ба беҳбудӣ намеорад”, - хабар дод манбаъ.
Тибқи маълумоти ӯ, дар ҷараёни даргириҳо дар сарҳад 19 нафар ба ҳалокат расидаанд: 15 нафар дар Исфара ва 4 нафар - дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
“Аз ин шумор 10 нафарашон шаҳрвандони мулкӣ (қаторӣ) ва 9 нафар - кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадбонон мебошанд”, - гуфт манбаъ.
Аз ҷониби Қирғизистон тибқи маълуомти Вазорати тандурустии ин кишвар, 36 нафар ҳалок шуда, 183 нафар захм бардоштаанд.
Аз фавтидагон на ҳукумат, балки шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд
Манбаъ аз пешниҳоди рӯйхати ҷабрдидагон ва ҳалокшудагон худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и Тоҷикистон ному насаби ҳалокшудагон нашр мешавад.
Ба ин тариқ, 30 апрел хабарнигори “Азия-Плюс” аз макони ҳодиса хабар дод, ки маросими ҷанозаи 2 сокини 26-сола дар муноқиша - Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимҷон Ҳошимов баргузор шуд.
Радиои Озодӣ бо истинод ба сарчашмаҳои худ ному насаби 18 нафар ҳалокшудагон, аз ҷумла сокинони дар боло зикршударо нашр кард:
Аслиддин Абдузамонов, 20-сола, сарбози нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод;
Абдуллоҳ Саидов, 26-сола, афсари нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Изаттулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод;
Меҳрӯзиддини Муҳриддин (Болтаев) – афсари 36-сола, табиби Қушӯнҳои сарҳадӣ дар Исфара;
Муҳаммадулло Раҷабализода, афсари 26-солаи дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон;
Ҷасурҷон Суярқулов, марзбони 28-сола аз деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич;
Ҳасан Акбаров, марзбони 31-сола аз деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор;
Салоҳиддин Гадоев, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;
Шералӣ Раҳматзода, сарбози қисми марзбонии Исфара;
Сафар Набиев, сарбози қисми марзбонии Исфара;
Некрӯз Ғафуров, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода;
Бахтовар Маҳмудов, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;
Умедҷон Юсуфов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
Ҳикматулло Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
Иброҳим Ҳошимзода, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
Собир Ваҳҳобов, 51-сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
Манучеҳр Қаландаров, 40-сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
Далер Эшонов, 33-сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;
Ҳусейнҷон Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ.
Набояд донем?
Муддати тамоми давраи даргирӣ рӯзноманигорони “Азия-Плюс” боре ҳам (!) натавонистанд, ки бо сухангӯи Вазорати тандурустӣ тамос бигиранд.
Танҳо дирӯз корманди хадамоти матбуот хабар дод, ки онҳо (хадамоти матбуот дар назар аст) маълумот надошта, онро аз сардори худ - худи котиби матбуотӣ ва раҳбарияти вазорат дархост мекунанд.
Ба ҳар сурат, дар ниҳояти кор ба мо муяссар нашуд, ки аз Вазорати тандурустӣ маълумот дастрас намоем.
Дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” тавсия доданд, ки ба Ситоди Вазорати мудофиа муроҷиат кунем. Котиби матбуотии ин Вазорат дастнорас аст.
Дар хадамоти матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бошад, ба “Азия-Плюс” маслиҳат доданд, ки хабарҳои АМИТ “Ховар”-ро пайгирӣ кунем.
“Ҳамаи хабарҳоро мо ба Агентии миллии иттилоотии “Ховар” пешниҳод мекунем, аз ҳамон ҷо гирифта метавонед”, - изҳор доштанд ба мо.
Ба савол дар бораи нашр кардан ё накардани рӯйхати ҷабрдидагону ҳалокшудагон ҳамсуҳбати мо чунин посух дод: “Мебинем!”.
Ба сухангӯи ВКД низ дастрасӣ пайдо карда натавонистем, то ки дар бораи фавтидагону ҷабрдидагон байни ҳайати шахсии Вазорат огаҳӣ ёбем: зангҳои сершумори мо ба ӯ беҷавоб монданд.
Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Музыка – моя основная страсть». Валиджон Азизов о хайпе, секретах успеха и настоящем живом исполнении
«Молодежь в бизнесе»: нетворкинг, поддержка и истории успеха
«Меня, последнего динозавра советской культуры, забыли…» Хошим Гадо обратился с открытым письмом к президенту Таджикистана
Зарплаты курьеров в России превзошли доходы IT-специалистов
Рогунскую ГЭС назвали «ядром регионального рынка электроэнергии в Центральной Азии»
Безразличие и коррупция. Президент Таджикистана раскритиковал представителей судебной системы
ЕБРР и НБТ при поддержке Европейского Союза обучают специалистов финсектора Таджикистана
Как увеличить срок службы автомобиля: лайфхаки, о которых вам не расскажут автосервисы
Глава «Спитамен Иншуренс» вошел в ТОП-100 успешных людей Таджикистана
ЕАБР занес в единую базу данные о финансировании стран региона международными донорами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста