Ҷонона Шамсиддинова ҳамсари 45 – солаи Қадами Қурбон овозхони дар миёни ҷавонон ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфро низ, рӯзи 11-уми май дар минтақаи Кӯлоб сел бурдааст, ки хушбахтона наҷот ёфтааст. Тавре худи Қадами Қурбон ба «Азия-Плюс» гуфт, автомашинае, ки ҳамсараш дар он буд сабаб шудааст, ки ӯ зинда ба назди фарзандонаш баргардад. Аммо се ҳамсафари ӯро сел бурдааст, ки ҷасади якеро дирӯз пайдо карданд.
Қадами Қурбон илова кард, ки ҳамсараш барои хариди маҳсулоти дастархони Иди Рамазон ба бозор рафта буд ва дар роҳи деҳаи Чагам сел автомашинаи онҳоро бурдааст. Дар натиҷа пойҳо ва камари Шамсиддинова ҷароҳат бардоштааст.
«Дар мошин боз се нафари дигар будаст, ки мутаассифона онҳо ҳалок шуда, ҳамсари ман зинда мондааст. Худоро шукр, ки соқу саломат ба назди фарзандонаш омад. Ҳоло вазъи саломатияш хуб аст, пойҳо ва миёнаш камтар осеб диданд, вале сахт тарсидааст. Боз рӯзадор аст, хоҳиш кардем рӯзаро бихур то қувват бигирӣ, не мегӯяд», - илова кард Қадами Қурбон.
Ин овозхон гуфт, ки ба хонаводаи ҳамаи қурбониёни рӯзҳои ахир, аз ҷумла он се нафаре, ки ҳамсафари ҳамсараш будаанд, изҳори ҳамдардӣ мекунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳалокати ин се нафарро тасдиқ карда, онҳоро 39-сола, 29-сола ва 20-сола гуфтааст, аммо шахсияташонро ошкор накардааст.
Қадами Қурбон гуфт, ки роҳҳои деҳаи Чагам вайрона буда, ҳамасола мардум ба мушкилоти зиёде дучор мешаванд ва ин роҳҳо ба таъмиру таваҷҷуҳи ҷиддӣ ниёз доранд.
Бояд гуфт, ки боронҳои шадид ва селхезиҳои рӯзи 11-уми май то кунун 8 қурбонӣ доштаву ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хисороти бузурге ба мардум расонидаанд.
Хабарнигори "Азия-Плюс" аз Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб ҷалсаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурявӣ, ки барои рафъи оқибатҳои селхезиҳои ахир ташкил шудааст, таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода ва раисони КДАМ, ВКД, КҲФ, вазири нақлиёт, раиси вилояти Хатлон ва раисони ниҳодҳову шаҳру ноҳияҳои дигар ҷараён дорад.
То ин вақт Кумитаи ҳолатҳои фавқулода марги се сокини шаҳри Кӯлоб, се сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва як сокини шаҳри Ҳисор ва як сокини ноҳияи Кушониёнро бар асари селхезиҳову борони шадиди дирӯз расман тасдиқ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Глава СПЧ РФ призвал власти не допускать маргинализации детей мигрантов
Путин пригласил Эмомали Рахмона в Москву
Эмомали Рахмон выразил соболезнования в связи с атаками на автоколонны в Пакистане
Сборная Таджикистана выиграла три золотых медали чемпионата Азии по гребле
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 25 ноября 2024 года
Топ полезных таджикских блюд для поддержания иммунитета во время холодов
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста