Бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки нимаи аввали моҳи май рух доданд, зиндагии муқаррарии зиёда аз 14,5 ҳазор нафар халалдор шуда, имрӯз онҳо ба кумаки равонӣ ниёз доранд.
Дар натиҷаи офат 128 хона пурра тахриб (вайрон) шуда, ба 400 манзил осеби назаррас расонида шуд. Дар ин бора дар таҳқиқоти муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва муассисаҳои марбутаи СММ маълумот дода мешавад.
Зикр мешавад, ки ин ҳоло натиҷаи ниҳоӣ набуда, арзёбии зарар аз ҷониби ҳукумат идома дорад.
Бар асари боронҳои шиддатнок, обхезиву фаромадани селу ярч, ки аз 7 то 12 май рух доданд, асосан сокинони шаҳру навоҳии виллояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ осеб диданд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҳукумат лоиҳаи намунавии хонаҳоеро, ки барои эҳтиёҷмандон ба манзил сохта мешавад, мувоофиқа кардааст.
Нархи тахминии лоиҳаи як хона ҳудуди 280 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 24 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ба ҷуз масолеҳои сохтмон, ки ҳукумат ҷудо мекунад (дар ин бора ба “Азия-Плюс” сокинони минтақаҳо хабар доданд), ташкилотҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ изҳор кардаанд, ки дар сохтмони манзилҳо сокинони осебдидаро дастгирӣ намуда, онҳоро бо техникаву бинокорон таъмин мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Саудовская Аравия требует сертификат о вакцинации против менингита от путешественников. Где привиться в Таджикистане?
Сречко Катанец покинул пост тренера сборной Узбекистана п футболу
Банк «Эсхата» запускает для своих клиентов Google Pay
Прокуроры 22 штатов оспорили в суде указ Трампа об ограничении получения гражданства США по праву рождения
Парламент Ирака практически легализовал детские браки, расширив полномочия исламских судов
Лавина на трассе Душанбе-Чанак накрыла семью с маленьким ребёнком. Их спасли очевидцы ЧП
Таджикистан отправил гуманитарную помощь населению Газы
Узбекистан и Россия подписали программу стратегического партнерства в сфере обороны до 2030 года
На черноморское побережье – новые выбросы мазута из затонувших танкеров. Уже погибли тысячи птиц, отравлена морская фауна
Казахстан построит три новых аэропорта в курортных зонах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста