Қисмате аз мусофирони дар фурудгоҳи Душанбе дармонда соати тахминан 3-и шаби 27 май ба Русия парвоз карда, боқимонда низ имрӯз ба макони таъиноташон раҳсипор мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

“Имрӯз соати 2:30 ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Қазон ва баъди 40 дақиқа ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Иркутск парвоз карданд. Ба сурати умум, бо ин хатсайрҳо зиёда аз 700 мусофири дармонда парвоз карданд, - гуфтанд дар ФБД. - Як парвоз бо ҳавопаймои Боинг 777-200 иҷро шуд”.

Инчунин зикр шуд, ки шоми имрӯз анҷоми парвоз боз бо як хатсайри боздоштаи дигар дар назар аст. Ин парвоз ҳам бо ҳавопаймои Боинг 777-200 иҷро мешавад, ки ба ҷуз ҳайати сарнишинон, боз 448 ҷойи нишаст дорад”.

Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 26 май бештар аз 1000 мусофири дармондаи ширкати "Северний ветер"-и Русия дар фурудгоҳи Душанбе таҷаммуъ карда, аз масъулони бахши ҳавонавардии кишвар хостанд, ки ба парвозҳои онҳо иҷоза дода шавад.

Бархе аз ин мусофирон изҳор доштанд, ки аз 19 май ба ин сӯ парвозҳои онҳо ба замонҳои номуайяне ба таъхир гузошта мешавад.

Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон ба назди ин издиҳоми  мусофирони бандмонда баромада гуфт, ки ба иғво дода нашавед ва ба қадри тинҷии Тоҷикистон бирасед, мо чораҷӯйӣ карда истодаем.

Субҳонзода далели боз доштани парвозҳои ширкати "Северний ветер"-ро ба он рабт дод, ки ин ширкат ба дархости Оҷонсӣ барои паст кардани арзиши билет, ҳамагӣ дирӯз мактуби ҷавобӣ фиристод. "Онҳо дина ризоят доданд, ки арзиши чиптаро аз ин ба баъд 500 доллар мекунанд. Ҳоло дархости ширкати мазкур дар баррасӣ аст, пас аз мувофиқа намудани тамоми талабот масъалаи парвози ин ширкат баррасӣ карда мешавад" - гуфт Субҳонзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.