Ҳукумати Русия талабот ба сатҳи ҳадди ақалли донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро барои коргарони хориҷӣ тасдиқ кард. Ин санад дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст.
Муҳоҷирон дар бораи масоили иҷтимоиву маишӣ ва баъзе мавзӯъҳои касбӣ бояд озодона бо забони русӣ ҳарф зада тавонанд. Аз ҷумла ин ба маосили қабул ба кор, машварат дар беморхона ва муроҷиат ба пулис дахл дорад.
Зимни супоридани имтиҳон аз таърихи Русия дониши хориҷиён оид ба рӯйдодҳои калидӣ, донистани номи шаҳрҳои бузургтарин ва ҷашнҳои давлатӣ санҷида мешавад.
Ғайр аз ин, онҳо бояд аз ҳуқуқҳои асосии худ, озодиву уҳдадориҳояшон ҳангоми ҳузур дар қаламрави кишвар огаҳ бошанд.
Ин талабот, ба ҷуз баъзе истисноҳо, ба нафароне низ дахл хоҳад дошт, ки танҳо зисти муваққатиро дар Русия дар нақша доранд.
Қаблан ВКД аз муҳоҷирони ҳузурашон ғайриқонунӣ аз кишварҳои ИДМ талаб карда буд, ки то 15 июни соли 2021 қаламрави Русияро тарк кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.