Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe рӯзи 6 июн давраи ҷумҳуриявии ҷашнвораи атласу адрас баргузор шуд. Дар он истеҳсолкунандагони матоъҳо, ҳунармандону косибони маҳаллӣ ва тарроҳон (дизайнерҳо) ширкат варзиданд.

Дар доираи кори ҷашнвора намоиши маҳсулоти тарроҳони тоҷик ва тарроҳони ӯзбеки даъватшуда, ки аз атласу адрас дӯхта шуда буданд, доир гардид.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ҷашнвора намоишгоҳ-фурӯши истеҳсолкунандагони матоъҳо ва маҳсулоти тарроҳони Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил шуд.

1/25

Ҷашнвора бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, созмондиҳандаи он Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.