Маросими ҷанозаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, ки чанд соат пеш дар Душанбе даргузашт, соати 16:30 дар масҷиди марказии шаҳр хонда ва пайкари ӯро дар қабристони шахсиятҳои фарҳангиву пурвовозаи кишвар дар Лучоб ба хок месупоранд.
Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Шаҳзод Раҷабов писари ин ҳунарманди пуровозаи тоҷик хабар дод. Шаҳзод Раҷабов далели марги падарашро гирифторӣ ба бемории ҳамагирӣ COVID 19 унвон кард.
"Дирӯз ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва имрӯз моро тарк карданд. То ин вақт бемор набуданд, ба маҳфилу нишастҳо мерафтанд",-гуфт Шаҳбоз.
Убайдулло Раҷабов аз ҳунармандони саршинос ва пуровозаи театру синамои тоҷик буд, ки нақшҳои мондагоре офаридааст. Ин ҳунарманд яке аз пурбинандтарин ҳаҷвнигор ва танзпардози тоҷик буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯрави доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ мекард. Ин ҳунарманд 20-уми марти имсол ба синни 80 расида буд ва дар як мусоҳиба бо "Азия-Плюс" гуфта буд, ки 80-солагияшро дар хона бо ҳузури дӯстону наздиконаш ҷашн мегирад ва ҳеч ҷашну маҳфиле дар назар нест.
Убайдулло Раҷабов ҳамчунин ба унвони раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон низ солиёни зиёде кор кард. Аз ин пештар ӯ бо ҷамъ аз ҳунармандон ва пайравони мактаби эҷодияш дар солҳои сахту сангини ҷанги шаҳрванди театри минотурии "Оина"-ро таъсис дода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Душанбе. Время, когда деревья были маленькими, а пробки – только в бутылках
Центризбирком Таджикистана утвердил новый состав Маджлиси Милли
В Кыргызстане закрыли «клон» церкви «Адвентистов седьмого дня»
В Казахстане дорожает зерно. Как это отразится на Таджикистане?
Футболистка из Таджикистана продолжит свою карьеру в клубе «Нафтан»
Гала-концерт восточной музыки в Москве: встречаем Навруз - 2025 с размахом
Год с начала серийных убийств в Канибадаме. Сколько человек убиты, кто арестован и как продвигается следствие?
«Публика нас принимала восторженно». Как таджикский балет выступил в Париже
Трамп начинает торговую войну с Европой. Что будет дальше?
В Душанбе будет создан музей истории таджикского футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста