Синамогарони Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳияи филми таърихии ҳунариро дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба нақша гирифтаанд. Дар ин бора ҳафтавори “Даракчӣ” хабар медиҳад.
Зимни вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов дар бораи ин лоиҳаи кино сухан рафта, сафир изҳор доштааст, ки фаъолияти муштараки студияи “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба манфиати ҳар ду халқ, тамошобинон ва офарандагони филм аст.
“Зеро мо халқи дорои решаҳои умумӣ мебошем. Мо ба таҳияи консепсияи филм ва ба як пули мустаҳкам табдил ёфтан байни студияи “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематгорафия, инчунин ҳамкории доимӣ омодаем”, - изҳор доштааст сафир.
Ба гуфтаи Абдухолиқов, минбаъд байни гурӯҳҳои кинематографҳои ҳар ду кишвар конфронсҳои видеоии доимӣ ва гуфтушунидҳо дар бораи ҳамкорӣ гузаронида мешаванд.
“Мо баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистонро дар Ӯзбекистон дастгирӣ мекунем. Зимни сафари эҷодӣ бо студияи “Тоҷикфилм” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидем. Дар ин корҳо Шӯрои байниидоравии муштараки ҳамкорӣ оид ба рушди кинематографияи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба мо кумак мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони барҷастаи соҳаи кинои ҳар ду кишвар шомиланд”, - иброз доштааст Абдухолиқов.
Дар вохӯрӣ филмҳои омода ба нашри «Неизвестная звезда» ва «Камни и вода», ки бо талошҳои муштарак таҳия мешаванд, инчунин дар охири моҳи июл баргузор намудани Рӯзҳои кинои тоҷик дар Ӯзбекистон баррасӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.