Сардухтури санитарии вилояти Ростови Русия Евгений Ковалев дар брифинг хабар додааст, ки аз ҳамаи озмоишҳои тайи се ҳафтаи ахир гирифташуда дар 100%-и сироятёфтагон аз коронавирус штамми ҳиндустонӣ ошкор шудааст, менависад КП.ру.
“Агар пештар миёни беморон штамми бритониёӣ бештар буд, пас аз охири моҳи май штамми ҳиндустонӣ сабт мешавад, - шарҳ додааст Ковалев. - Се ҳафтаи ахир дар 100% озмоишҳои гарон (онҳоро аз шумори маҳдуди беморон мегиранд), ки дар ду донишгоҳи Ростов таҳқиқ шуданд, штамми ҳиндустонӣ тасдиқ шуд”.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, 90%-и озмоишшудагон ба хориҷа сафар накардаанд.
“Ин гувоҳи он аст, ки штамми ҳиндустонӣ аллакай хеле паҳн шудааст”, - шарҳ додааст сардухтури санитарии минтақа.
Ҳамчунин Ковалев гуфтааст, тайи ду ҳафтаи ахир штамми ҳиндустонии коронавирус байни баъзе шаҳрвандоне, ки ба фурудгоҳ аз Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон меоянд, ошкор мешавад.
Тест аз онҳо бевосита дар худи фурудгоҳ гирифта шудааст.
Штамми ҳиндустонӣ ё ба истилоҳ “делта-штамм” бори нахуст дар Ҳиндустон тирамоҳи соли 2020 ошкор шуда буд. Коршиносон “Делта”-ро бештар марговар ва нисбатан устувор ба ваксинаҳои муосир ва методҳои муолиҷа медонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.