Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар бораи умедвориҳояш аз ҷаласаи вазирони СҲШ, созиши оташбас бо “Толибон” дар нишасти қарибулвуқуи ҳайати баландрутбаи Афғонистон дар Давҳа, нигарониҳояшон аз Покистон, тактикаи мубориза оянда ва ҳукумати 50/50 бо “Толибон бо рӯзноманигорон суҳбат кард.

Вазири корҳои хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар доираи иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои давлатҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон дар Душанбе бо хабарнигорони дохил ва хориҷ доир ба вазъи Афғонистон  нишасти матбуотӣ доир намуд.

Умедвориҳои Афғонистон аз нишасти вазирони СҲШ

Ӯ пеш аз ҳама, таассурот ва интизориҳои худро дар ҷаласаи Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон баён дошта, аз ҷумла, гуфт, ки Афғонистон дар мавриди вазъи Афғонистон ба аъзои давлатҳои СҲШ пешниҳодоти мушаххасе кард.

Пешниҳоди аввал ин буд, ки тамоми кишварҳои узви СҲШ ва Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба хушунати бесобиқаи “Толибон” (Ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъ) тавоқуфи назари худро ҳифз кунанд ва даъват намоянд, ки онҳо тааҳуддоти худро дар мавриди музокироти сулҳи Давҳа анҷом диҳанд.

- Ҷониби Афғонистон тааҳудот дар робита бо баргузории музокироти сулҳро амалӣ намуд. Мутаассифона, “Толибон” ҳеҷ як аз тааҳудоти худро дар робита бо мувофиқатнома Давҳа анҷом надод. Баръакс, бо дастгирии ҳамтоёнашон ба сарҳадҳои Осиёи Миёна наздиктар шуданд.  Ин мояи нигаронии Афғонистон, минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ аст. Биноан, ин масъулияти муштараки аъзои давлатҳои СҲШ ва Афғонистон аст, то бо ин хатари муштарак мубориза баранд. Ҳифз ва тавсеа байни Афғонистон ва СҲШ як амри ҳатмист,-гуфт вазири корҳои хорифии ин кишвар.

Масъалаи дуввуме, ки ба гуфтаи ӯ пешниҳод шудааст, ин аст, ки онҳо аз аъзои СҲШ хостанд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ аз Толибон бихоҳанд, ки мувофиқаномаи сулҳи Давҳаро амалӣ кунанд.

Ба гуфтаи вай, дар паҳлӯи он, эъломияи охири кишварҳои узви “Тройкои тавсеаёфта”, ки дар Маскав имзо шуд, ҳуҷҷати муҳим аст ва онҳо аз ҳамкорони байналмилалии худ хостанд, ки он ҳам риоя ва амалӣ карда шавад.

Вазири хориҷаи Афғонистон гуфт, ки таваҷҷуҳи ҳамкорони байналмилалиаш дар робита бо вазъияти Афғонистон умедворкунанда аст ва онҳо дар мавриди нигарониҳо, раванди сулҳ ҳамназар ҳастанд.

Ба гуфтаи ин дипломати афғон, масъалаи севвум ин ҳамкориҳои амниятии оҷил ва фаврӣ аст. Ӯтаъкид кард, ки дар ин маврид аз қабл машваратҳое сурат гирифта  буд, Афғонистон хостори ҳаракати сареи ин масъала шуд.

- Тамоми кишварҳо бо мо ҳамназар буданд, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, бояд аз роҳи мантиқии сиёсӣ ва сулуҳомез бо он бирасем.  Дар ҳамаи ин маворид ҷойи хушӣ аст, ки як иҷмои хуб ва қавӣ миёни Афғонистону ва азои СҲШ вуҷуд дорад,-изҳори умедворӣ намуд Атмар.

Ӯ дар идома гуфт, “Толибон” аз ҳеҷ гуна як пуштибонии ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор нестанд ва онҳо ба аксуламали шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан аъзои СҲШ рӯ ба рӯ шудаанд.

- Мо дар бора он ки чӣ гуна ҳамкориҳои худро пеш барем тавофуқ кардем. Афғонистон ва СҲШ дар робита ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир асноди ҳамкориҳои навро ба имзо мерасонанд.-гуфт вазири корҳои хориҷии Афғонистон.

Дар ҳама музокирот бо “Толибон” ҳузур доштем


Атмар ба суоли он ки нишастҳои охир барои сулҳи Афғонистон дар Теҳрон Маскав ва Ишқобод то куҷо метавонанд ба раванди сулҳ дар Афғонистон кӯмак кунанд ва чаро ҳукумати Афғонистон дар баъзе нишастҳо ширкат надошт, посухи мусбат дод ва гуфт, ки дар ҳамаи нишастҳо ҷониби Афғонистон ширкат карда ва аз худ пуштибонӣ намудааст.

 Ба гуфтаи ӯ “Толибон” то ҳанӯз омода нестанд, ки рӯи масъалаи сулҳ пешрафт кунанд ва онҳо ин ҳолатро ҳам дар Давҳа ва ҳам дар Маскав диданд.

Ӯ гуфт, дар нишастҳое, ки бо “Толибон” рӯ ба рӯ мешаванд, аз онҳо мехоҳанд, ки мувофиқатномае, ки худашон имзо кардаанд, гомҳои аввалинро барои расидан ба тавофуқи сиёсӣ бардоранд. Мутаассифона, мо чунин тааҳҳудро на дар Давҳа ва на дар Маскав ҳанӯз надидем. Онҳо бовар доранд, ки сулҳ дар Афғонистон ин сулҳ дар минтақа аст.

- Дар ҷойҳое, ки гуфтугӯи пинҳонӣ бо “Толибон” сурат гирифтанд ва ё даъватҳову сафарҳо анҷом ёфт, дар ин маврид мо мулоҳизотро бо дӯстони байналмилалӣ худ дар миён гузоштем. Ба онҳо гуфтем, ки ягона роҳ ин аст, ки “Толибон” тавофуқеро, ки имзо карданд, онро амалӣ созанд. Ин бояд ба сурате анҷом ёбад, ки “Толбион” масъулияти худро дар баробари мардуми Афғонистон ва ҷомаеи ҷаҳонӣ пазиранд.

Оташбас дар Давҳа сурат мегирад ё не?

Ӯ ҳамчунин, ба суоли он ки дар назар аст, як ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Давҳаи Қатар бираванд ва як созишномаи 3 ё 4-моҳаи оташбас миёни ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” ба имзо бирасонанд, посух дод, ки ин бардоштани боз як гоми муҳими дигар дар ростои сулҳ ва гуфтугӯ аст. Ба таъкиди вай, Афғонистон бо машварат бо ҳамкорони байналмилалӣ, тасмим гирифт, ки як ҳайати олирутбаро барои ҳимояти ҳайати музокирот ба Давҳа бифиристад.

Оташбас яке аз масъалаҳои ин нишаст хоҳад буд ва мо бар инем, ки пеш аз ин ки вориди ҷузъиёти гуфтугӯҳо шавем, хеле муҳим аст, ки бояд оташбас сурат бигирад ва ин хости мардуми Афғонистон аст. 

- Ҳадаф аз ин сафари ҳайати олирутба ин аст, ки як бори дигар ҳайати мо ба “Толибон” мавзӯро рушан созанд. Дуввум, ин ҳайат як бори дигар нақшаи сулҳеро, ки Афғонистон рӯи миз гузошта буд, таъкид мекунад. Ва мегӯянд, ки агар “Толибон” ягон нақшаи сулҳ доранд, бифармоянд ва агар сари нақшаи сулҳи мо мулоҳизоте доранд, ӯро анҷом бидиҳем,-гуфт ҷаноби Ҳаниф Атмар.

 

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба пурсиши он ки аз ҷониби ҳукумати Афғонистон барои пешгирӣ намудани ҳаракати Толибон чӣ чораҳо дида истодаанд ва дар оянда барои мубориза бо онҳо чӣ нақшаҳо дорад, таъкид кард, ки Афғонистон ду роҳкори муҳимро дар мубориза бо хушунтҳои Толбон рӯи даст гирифтааст.

- Яке дифоъ аз мардуми Афғонистон ва тақвияти нерӯҳои дифоӣ ва амниятии кишвар ва дигаре сулҳ аст ва онҳо ба он тааҳҳуд доранд.

Мавқеи Русия ва Покистон: Мо нигаронии худро гуфтем...

Шомаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон
Акс: Вазорати корҳои хориҷӣ

Атмар дар мавзӯи он ки ду кишвари узви СҲШ - Русия ва Покистон, ки гуфта мешавад, ҷонибдори Толибон ҳастанд, дар мавриди вазъияти Афғонистон чӣ мавзеъгирӣ карданд ва оё дидгоҳи онҳо бо дигар аъзои СҲШ як буд ё хайр, гуфт, ки бо Русия дар робита бо абъоди куллии масъала тавофуқи назар доранд ва дар мавриди “Толибон” як нигаронии мушатарк доранд.

Ӯ гуфт, ки ҳоло муҳимтраин масъала пеши ин ду кишвар амалӣ шудани эъломияи “Тройкои тавсеаёфта” аст, ки дар Маскав ба имзо расида буд.

Вай дар мавриди нуқтаи назари Покистон гуфт, ки дар бораи нақши Покистон дар сулҳ ва қатъи хунрезӣ дар Афғонистон, дар суҳбат бо вазири корҳои хорҷиии ин кишвар нигарониҳои худро дар миён гузоштааст.

Ӯ гуфт, ки дар ҳар як иқдоми Покистон, ки ба хотири сулҳи Афғонистон рӯйи даст гирифта мешавад, онҳо хуш истиқбол мекунанд.

- Мо нигаронии шадиди худро дар миён гузоштем, ки бояд давлати Покистон бо Афғонистон дар қатъи ҷабҳаи логистикӣ ва икмолотии “Толибон” ҳамкорӣ кунад. Толибон бо истифода аз ин имконоте, ки аз хориҷ ба даст меоранд, ин ҷангро давом медиҳанд. Бисёр зарурӣ аст, ки байни ду ҳамсояе, ки орзу доранд дар доираи дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳам зиндагӣ кунанд, ба ин мушкил хотим дода шавад. Аз давлати Покистон тақозо  кардем, ки аз нуфузи худ бар Толибон кор гирифта, ҳам дар қатъи хунрезӣ ва ҳам дар робита дар раванди сулҳ ҳамкории “Толибон”-ро таъмин кунанд,-гуфт Атмар.

50/50: Тақисми ҳукумат дар Афғонистон?!


 Атмар дар охир, ба суоли он ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба ташкили ҳукумати 50/50  бо “Толибон” розӣ мешавад ё не, посух дод, ки Афғонистон як пешниҳоди ҷомеъро рӯйи миз барои “Толибон” гузоштааст, ки шомили он пеш аз ҳама оташбас, як давраи гузор ва интихоботи президентии пешазмуҳлат аст. Вале мегӯяд, то ҳанӯз аз Толибон дар ин маврид посухи мусбатро нагирифтанд.

Ӯ гуфт, ки онҳо дар давраи гузор ба “Толибон” пешниҳод карданд, ки дар сатҳи миллӣ, вилоят ва маҳаллӣ шомили ҳукумати Афғонистон шаванд, вале дар ин маврид ҳам, то ҳанӯз посухи мусбат нагирифтанд.

 - Бисёр муҳим аст, ки “Толибон” ба мардуми кишвар собит созанд, ки онҳо сулҳ мехоҳанд ва аз куштору хунрезӣ даст мекашанд. Афғонистон дар мавриди сулҳ ва нишон додани нияти хуб барои мушорикати миллӣ ҳеҷ гоҳе кутоҳӣ нахоҳад кард,-хулоса кард вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳанифи Атмар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.