Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти хабарии вазорат, имрӯз, 16-уми июл ба суоли хабарнигорон дар мавриди "маршировка" ё ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба раҳпаймоиҳои ҷашнӣ, вокуниши сахт кард.
Имомзода ба хабарнигорон хитоб кард, ки "аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем" ва ин кор дар ҳамаи кишварҳои олам аст.
"Дар масъалаи маршировка, аз як чизи хасакӣ ин қадар проблема насозем. Гӯё дар Тоҷикистон ягон проблемаи дигар нест. Ин қадар проблемае ки дар марзи Афғонистон аст, гӯё касе намешунавад. Бача омода машқашро мекунад. Баъд аз ин шояд рафта футбол бозӣ мекунад, рафта пеши роҳи онро ҳам гирем? Маршировка як машқи ҷисмонӣ аст, на ба дарс халал мерасонад ва ин берун аз дарс аст".
Имомзода доғ кардани ин мавзуъ ва матраҳ кардани онро дар расонаҳо чизи "ба сатҳи марифати мову шумо номувофиқ" унвон кард ва гуфт, ки "Истиқлол истиқлоли миллӣ аст, давлат, ватан аст ва ифтихори мо аст. Ҳар касе инро ба таври дигар қабул мекунад, ин ба маърифати худи ҳамон одам дахл дорад. Мактаббача баъд аз маршировка рафта дар саҳро ба падару модараш кӯмак мекунад, рафта пеши роҳи инашро ҳам гирем".
Вазири маориф гуфт, ки дар дигар кишварҳо ҳам чунин корҳо ҳаст. "Мисол он карнавалҳое, ки дар дигар кишварҳо мегузарад дар он ҷо ҳам ҷавонон ширкат мекунанд, ҳатто калонсолон иштирок мекунанд".
Мавзуъи "маршировка" ё раҳпаймоиҳои иҷбории хонандагону донишҷӯён дар ҷашнҳои давлативу маросимҳои дигар, яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҳамеша матраҳ мешавад.
Дирӯз Умед Бобозода ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам аз ин "маршировкаҳо" ҳимоят кард ва онро нақзи ҳуқуқи инсон надонист.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнингори “Азия плюс” дар ин маврид гуфт, ки ин кор на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳо ҳам дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ ҳаст, ба мисли чемпионатҳои ҷаҳонии футбол ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагон ба “маршировкаҳо” ҷалб мешаванд.
- Ин барои қонеъ кардани ҳуқуқҳои фарҳангии давлат сурат мегирад. Набояд фаромӯш кунем, ки дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз давлатҳои дигар меҳмонон меоянд. Дар сурати иштирок накарадани ҷавонон мо наметавонем ин чорабиниҳоро баргузор намоем,-таъкид кард Бобозода.
Ӯ дар идома баргузории “маршировка”-ҳоро дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гуфт ва таъкид кард, ки на ҳамаи донишҷӯён ба ин чорабинӣ ҷалб карда мешаванд, онҳое, ки беморанд ва сабаби дигар доранд, ба маршировка ҷалб намешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
СМИ узнали о новом плане команды Трампа по завершению войны в Украине
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 ноября 2024 года
ТОП-10 знаковых для Таджикистана спектаклей
Как работает медицинский вытрезвитель в Душанбе: процесс приема и оказания помощи
Лимонно-желтая с вкраплениями пурпура. Вспоминаем краски осени в Таджикистане
В Хатлоне открыли автодорогу Бохтар-Левакант-Дангара
В Ассоциации рестораторов и отельеров Таджикистана сменился руководитель
Бригада Саломат. Как пожилые женщины из Согда бьют рекорды по сбору хлопка
В плеяде звезд. Поэтессе Фарзоне - 60
Глава Таджикистана запустил в Хатлоне заводы по производству армстронга, гипсокартона и подъемных кранов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста