Русия барои безараргардонии партовгоҳи урани шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ба Тоҷикистон 2 миллион доллар маблағ медиҳад. Дар атрофи ин шаҳр панҷ партовгоҳи радиоактив ва кони хароби уран аз Шӯравӣ ба Истиқлоли имрӯза ба мерос мондааст ва дар назар аст имсол корҳои безараргардонии он оғоз шавад.
Дар ин бора Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод ва гуфт ҳамаи расмиёти лоиҳасозиву шартномабандӣ анҷом ёфт ва танҳо марҳилаи маблағгузорӣ боқӣ мондааст. Вай афзуд лоиҳаи безарарсозии партовгоҳи уранро "Росатом"-и Русия дар муштаракан бо Тоҷикистон мехоҳад амалӣ кунад, аммо дар бахши маблағгузорӣ пандемияи коронавирус далели ба таъхир афтодани амалигардии лоиҳа шудааст.
Лоиҳа аз ҷониби корхонаи фулузоти нодири шаҳри Бӯстон амалӣ карда мешавад. Лоиҳа ҳаст, шартномаҳо баста шудаанд фақат маблағгузорӣ ва омодагӣ ба оғози кор боқӣ монд. Баъзе корҳое, ки бо инфрасохтор вобаста аст, шояд зарурат пеш меояд, ки як мактабро муваққатан кӯчонем, барои бунёди роҳ дар он ҷо, ки ду пули мошингузар дорем барои таъмиру таҷдиди он ёрмандии ҳукумати шаҳр ва сохторҳои он низ барои амалӣ кардани лоиҳа лозим аст.
Зоҳидзода мегӯяд, дар назар аст корҳои безараргардонӣ дар партовгоҳҳои радиоактив то анҷоми ин сол оғоз гарданд.

Дар атрофи шаҳри Истиқлол панҷ анбори партовҳои радиоактив ва кони хароби уран мавҷуд аст ва дар он даҳҳо миллион тонна партов нуҳуфтааст. Ҳарчанд қисме аз партовгоҳ бо деворҳои махсус пеҷонида шудааст, вале то кунун ин мероси Шӯравӣ рӯйпӯш нашудааст ва дар наздикии он, ки аз маркази шаҳр дар даҳҳо километр дурӣ дар баландӣ хобидааст меъёри радиатсия баланд аст.
Аммо пизишкони шаҳри Истиқлол мегӯянд, таъсири радиатсия дар маркази шаҳр зери назорат буда ба саломатӣ начандон зиёновар аст.
Даврон Зоҳидзода гуфт, идораи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист пайваста мониторинг мегузаронанд ва дар он ҷойҳое, ки мардум зиндагӣ мекунанд радиатсия баланд нест. Лекин дар назди партовгоҳҳо радиатсия аз меъёрҳое, ки муайян шудааст хело баланд аст, - мегӯяд ӯ.
“Аломатгузорию корҳои бехатаргардониро мо карда истодаем ва дар ҳолати фаъол гардидани лоиҳа рекултиватсияи худи партовгоҳҳо ва иҳота кардани гирду атрофи он анҷом меёбад ва ҳатман барои беҳтар гардидани фони радиомагнитӣ дар шаҳр мусоидат мекунад”.

Ин шаҳр дар оғози солҳои 1940 бунёд шуда ва гуфта мешавад аз урани собиқ Табошар дар сохтусози нахустин бомбаи атомии ИҶШС истифода шудааст.
Қаблан мутахассисони созмонҳои ҷаҳонӣ аз макони партовгоҳи радиоактив дидан карда аз зарурати ҳарчи зудтар безараргардонии он гуфта буданд. Ба хулосаи онҳо дар маҳалли партовгоҳ меъёри шуои радиоактив ҳудуди 3 ҳазор микрорентген дар як соатро ташкил медиҳад, ки аз меъёри муқаррарӣ бамаротиб зиёд аст.
Дар вилояти Суғд 10 партовгоҳи радиатсионӣ мавҷуд аст, ки бино ба омори расмӣ дар онҳо ҳудуди 55 миллион тонна моддаҳои дорои радиоактив гӯронида шудааст.
Аммо партовгоҳҳои Истиқлол то кунун ба рӯйпӯш нашудааст ва ҳамакнун ҳукумати ин шаҳр интизор аст, ки бо сармоягузории хориҷӣ ба безарар гардонидани “қабристони уран” эҳтимол мушарраф шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
С праздником Навруз, дорогие таджикистанцы!
Адвокат одного из исполнителей теракта в «Крокусе» рассказал подробности подготовки к нападению
Эмомали Рахмон помиловал около 900 заключенных по случаю Навруза
Интернет в Таджикистане станет дешевле? Глава Службы связи пообещал на 20% увеличить объем мобильных интернет-пакетов
Урегулирование пограничных вопросов между Таджикистаном и Кыргызстаном – уникальный пример в современном мире
В Турсунзаде появилась зеленая «Аллея пятнадцатилетия Sardor»
Афиша от «Азия-Плюс»: «От Навруза до Навруза», ярмарка ремёсел и Детков в Душанбе
Спикер парламента Казахстана раскритиковал годы правления Назарбаева
«Лига женщин-юристов Таджикистана»: подготовка квалифицированных судей – залог справедливого правосудия
Файзали Идизода: кто он – новый спикер нижней палаты парламента Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста