Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон 1,5 млн воя (доза)-и ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 тақдим кард. Вояи ваксинаи тақдимшуда кумаки башардӯстонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мардуми Тоҷикистон мебошад, ки рӯзи душанбеи 26 июл ба пойтахти ҷумҳурӣ расид, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ин иқдом илова ба кумаки 9 миллион доллараест, ки Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 инҷониб расонид. Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар мубориза бо пандемия шарик мебошанд.
Ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути системаи COVAX интиқол дода мешаванд, ки моҳи марти соли 2021 ба Тоҷикистон 192,000 вояи ваксинаи AstraZenecaҷудо карда буд, ки он ҳам қисман аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби ҳукумати ИМА пешниҳодшуда амалӣ гардид.
COVAX – Хазинаи ҷаҳонии дастрасӣ ба ваксинаҳои COVID-19 мебошад. Иёлоти Муттаҳида алакай ба COVAX барои таъмини ваксинаҳо ба ҷаҳон 3,5 миллиард доллар ҷудо кардааст, ки ин ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад бузургтарин сарпарасти мубориза бо вирус дар ҷаҳон гардад.
Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм таъкид кардааст: “Ин ҳадяи 1,5 миллион вояи ваксинаи Moderna ҳаётро наҷот медиҳад. Ман ва оилаам низ ваксинаи “Модернаро” гирифтем ва ман ҳамаи онҳоеро, ки метавонанд эм карда шаванд, ташвиқ мекунам, то ин корро ба анҷом расонанд. Эмкунӣ на танҳо саломатии шуморо ҳифз мекунад, балки инчунин метавонад ҳаёти атрофиёнро наҷот диҳад. Мо минбаъд низ ба мардуми Тоҷикистон дар мубориза бо вирус кумак хоҳем кард ва якҷоя мо метавонем ин бӯҳронро паси сар кунем! ”.
“Тавре Президент Байден қайд кард, Иёлоти Муттаҳида ӯҳдадор аст, ки саъйи байналмилалии эмгузарониро таъҷилӣ кунад, тавре ки мо дар дохили кишвари худ нишон додем ва мо ӯҳдадор мешавем, ки ба кишварҳои ҷаҳон 500 миллион вояи ваксина ҷудо кунем. Дастрасии баробар ба ваксинаҳои бехатар ва самарабахш барои боздоштани пандемияи COVID-19, наҷот додани ҳаёт ва барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ муҳим аст”, - омадааст дар маълумоти сафорат.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, 1,5 млн вояи ваксина барои пурра ваксина гирифтани 750 ҳазор нафар ё худ 13%-и шаҳрвандони Тоҷикистон кофӣ аст.
“Ваксинаи имрӯз расида дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ шуда, мувфиқи нақша байни аҳолӣ тақсим мешавад”, -изҳор дошт ӯ.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз зиёда аз 460 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аз COVID-19 ваксина гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон дар доираи механизми COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca дастрас намуда, охири моҳи июн аз Чин ба Душанбе ба сифати кумаки башардӯстона 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин оварда шуд.
Қаблан Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд аз Чин боз 3 млн вояи ваксинаи CoronaVac хариданист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.