Аз 29 декабри соли 2021 муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия барои иқомат дар ин кишвар бояд ҳатман изи ангуштони худро супоранд ё худ аз дактилоскопия гузаранд, хабар медиҳад “Известия” бо истинод ба дафтари матбуоти ВКД Русия.
Ин қоида нисбат ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар зиёда аз 90 рӯз мемонанд, низ татбиқ карда мешавад, гуфтаанд дар Вазорат.
“Аз 29 декабри соли 2021 қонуни федералие эътибор пайдо мекунад, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷие, ки барои ҷустуҷӯи кор ба Федератсияи Русия омадаанд, инчунин ҳамаи дигар категорияҳои хориҷиёне, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз ба Русия меоянд, бояд ҳатман изи ангуштонашонро супоранд”, - омадааст дар изҳороти хадамоти матбуот.
Рӯзи 9 июл аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ВКД таҳиягардида маълум шуд, ки барои вуруд ё будубоши дарозмуддат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ як санади ягонаи ҳомили (дорандаи) электронии маълумот мегиранд. Зикр гардид, ки барои гирифтани он дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба Русия супурдани изи ангуштон (дактилоскопия) ва аксбардорӣ зарур аст.
Ғайр аз ин, муоинаи тиббӣ бояд дар муҳоҷир мавҷуд набудани бемории вобастагӣ ба нашъамандӣ, ВНМО (ВИЧ) ва дигар бемориҳои сироятии барои атрофиён хатардоштаро тасдиқ намояд. Дар назар аст, ки муҳлати амали ин ҳуҷҷат 10 сол хоҳад буд.
Ҳамчунин моҳи июл маълум шуд, ки ВКД қоидаҳои маъмуриро ҷиҳати аз ҷониби корфармоён риоя шудани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон таҳия кардааст. Ба ин тариқ, кормандони ВКД санҷиши ҳуҷҷатҳоро ҳам ғайринақшавӣ ва ҳам ба таври сайёр дар маҳалҳо анҷом дода метавонанд.
Илова бар ин, дар Вазорат гуфтаанд, ки дар кадом ҳолатҳо будубоши хориҷиён дар Русия номатлуб мешавад. Ба ин тариқ, асос барои ин мақом “эҷоди хатари воқеӣ ба иқтидори мудофиавӣ ё амнияти давлат, ё тартиботи ҷамъиятӣ ва ё солимии аҳолӣ” буда метавонад.
Шаҳрванди хориҷие, ки будубош ё истиқоматаш дар Русия номатлуб эътироф шудааст, ба тарки кишвар ӯҳдадор мешавад. Дар акси ҳол, ӯро ихроҷ мекунанд, илова кардаанд дар ВКД.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.