Дар Тоҷикистон буҳрони маводи сӯхт, аз ҷумла газу бензин ба вуҷуд омадааст, ки нархи ин маводи сӯхт ба таври бесобиқа боло рафта, нигарониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар Тоҷикистон бисёриҳо умедвор шудаанд, ки шояд созишномаи басташуда бо ин кишвар битавонад ба муътадил шудани вазъ ва пойин омадани арзиши газу бензин мусоидат кунад. 

Дар мавриди ин созишномаи баимзорасида ва дигар роҳҳои пойин овардани арзиши газу бензин бо чанд суол ба муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифа Орусбек муроҷиат кардем.

Мувофиқи маълумоти мо Қазоқистон бо ирсоли як мактуб Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки то аввали соли 2022 интиқоли маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан газро ба Тоҷикистон қатъ мекунад. Оё ин дуруст аст?

- То ҳол чунин мактуби расмӣ ба Вазортаи энергетика ва захираҳои об ворид нашудааст. Мо қаблан тариқи расонаҳо огоҳ шудем, ки Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро ба муҳлати шаш моҳ ба тамоми кишварҳо манъ мекунад. Дар аввал, нисбати гази моеъ чунин маҳдудият набуд. Вале ба наздикӣ мо ҳам огоҳ шудем, ки ин кишвар то як сол интиқоли газро ҳам ба Тоҷикистон манъ кардааст. Сабабашро расман намедонем, вале аз расонаҳо фаҳмидем, ки таъмири корхонаҳои истеҳсоли нафт аст.

Бо вуҷуди ин, мо нақша дорем, дар ин маврид бо Қазоқистон гуфтушунид кунем ва шояд, ки ба натиҷаи мусбат бирасем. Гуфтушгуниди мо идома дорад ва шояд дар ҳаҷми муайян имтиёз диҳад, ки маҳсулоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид шавад.

60 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ кам ворид шудааст

- Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ, чӣ қадар маҳсулоти сӯзишворӣ ворид намуд ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 кам аст ё зиёд?

- Дар шаш моҳи имсол, ба Тоҷикистон 517 ҳазор тонна маҳсулоти сӯзишворӣ ворид шудааст, аз ин 228 аҳазор тонна ба Русия, 988 тонна ба Туркманистон, 268 ҳазор тонна ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд. Дар ҳамин давраи соли 2020 Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 577 ҳазор тонна маҳсулоти сӯзишворӣ ворид намудааст, ки ба Русия 271 ҳазор тонна, ба Қазоқистон 265 ҳазор тонна ва ба Туркманистон 3 ҳазор тонна рост меояд. Яъне нисбат ба як соли пеш, имсол маҳсулоти нафтӣ ба кишвар 60 ҳазор тонна камтар ворид шудааст

Шарифа Орусбек

Бояд қайд кард, ки дар муқоиса бо Русия мо гази моеъро асосан, аз Қазоқистон ворид мекунем ва ҳаҷми вориднамудаи ин намуди сӯзишворӣ дар шашмоҳи соли 2021 215 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали 2020 213 ҳазор тонна газ ворид шуда буд. Вале дар оянда барои воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ аз Қазоқистон мушкилии ҷиддӣ пеш меояд ва шояд ворид нашавад, танҳо аз Русия меояду халос.

Алтернатива кадом аст?

- Дар оянда ворид намудани маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан газ аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст? Аз кадом кишвар ва бо чӣ миқдор ва нарху сифат метавонем ворид кунем?

- Барои воридоти маҳсулоти нафтӣ мо бо Русия созишномаи индикативӣ дорем, ки дар асоси он бе пардохти боҷи гумрукӣ ва имтиёзҳои дигар ҳар сол бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ ворид кунем. Ҳамасола, мо танҳо 50 фоизи нақшаи ин созишномаро мегирифтем. Дар дохили ин созишнома гази моеъ ҳам ворид мешавад, вале азбаски воридоти гази моеъ аз Қазоқистон барои мо арзон меафтод, мо аз Русия бештар дигар намуди маҳсулоти нафтиро ворид мекардем. Ҳоло ки Қазоқистон воридоти гази меоъро қатъ кардааст, мо метавонем бемамоният ҳаҷми газе, ки дар созишнома омадааст, аз Русия ворид кунем.

Навобаста ба маҳдудиятҳое, ки аз ҷониби Қазоқистон гузошта шуд, мо барои дарёфти роҳҳои алтернативӣ бо Эрон ва Туркманистон гуфтушунидро ба роҳ мондаем. Бо Туркманистон оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ созишнома ба имзо расид. Ҷониби Эрон ҳам омодагии худро барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла гази моеъ ба Тоҷикистон гуфт. То  ҳол миқдор, нарх ва тартиби ворид кардани маҳсулот аз ин кишварҳо дар ҳолли баррасӣ аст.

Туркманистон маҳсулоти нафтии худро дар биржа мефурӯшанд, дар он ҷо нарх барои ҳама давлатҳо як аст. Шояд дар оянда барои Тоҷикистон як нархномаи дастрас пешниҳод шавад.

Аз Ӯзбекистон мо танҳо гази табиӣ мегирем ва дар мавриди воридоти маҳсулоти нафтӣ бо ин кишвар гуфтушуниде нест.

Хулоса, ҳоло ягона роҳи алтернативии мо дар воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ин Эрон ва Туркманистон аст, ки гуфтушунидҳо идома дорад ва дар оянда интизор меравад, ки дар яке аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон маҳсулоти сӯзишорӣ ворид шавад.

Туркманистон метавонад ҷойгузини Қазоқистон бошад?

- Дар сафари президенти Тоҷикистон ба Туркманистон дар мавриди воридоти маҳсулоти нафтӣ созишнома ба имзо расид. Гап сари чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ меравад? Аз кай воридот аз ин кишвар оғоз мешавад? Оё ин кишвар метавонад ҳаҷми маҳсулоти нафтӣ, махсусан газе, ки аз Қазоқистон мегирифтем, диҳад?

- Дар созишнома мустақиман дарҷ нашудааст, ки гап сари чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ меравад, аз ин рӯ, дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Фикр мекунам, чӣ қадаре, ки дархост аз тарафи Тоҷикистон шавад, онҳо омодаанд, ки ворид кунанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо аллакай, омода аст. Мо танҳо мунтазири нархнома аз ҷониби онҳо ҳастем. Мо кӯшиш мекунем, ин масъала ҳам то охири сол ба анҷом расад ва воридоти маҳсулоти нафтиро аз ин кишвар шурӯъ кунем.


Вале бояд як чизро ба назар гирифт, ки маҳсулоти нафтӣ дар ин кишвар тариқи биржа ё лот ба фурӯш гузошта мешавад. Масалан, дар тендер ҳаҷми маҳсулот пешниҳод мешавад ва ҳар ширкате, ки имкони харидории яклухти он маҳсулотро дорад, метавонад ворид кунад. Тавре медонем, ширкатҳои воридотии нафтии мо имкони бо ҳаҷми калон ворид кардани маҳсулотро надоранд. Шояд иқтидорашон басанда нест.

Дар масъалаи он ки оё Туркманистон метавонад, ҷойи Қазоқистонро  гирад, чизи дақиқ гуфта наметавонам. Шояд диҳад, вале ин ба ширкатҳои вордикунанда ва нархгузорӣ вобастагӣ дорад.

Сабаб-болоравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ

- Ба фикри Шумо, ҳамчун нафаре ки аз вазъи соҳа огоҳед, чаро нархи бензин ва газ дар Тоҷикистон якбора боло рафт?

- Сабаби асосии болоравии нархи газ ва бинзин дар Тоҷикистон ин болоравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ аст. Ҳамаи маҳсулоти сӯзишворӣ аз нафти хом истеҳсол мешавад, вақте ки нархи нафти хом дар бозор зиёд шуд, албатта, нархи газу бензин мехезад.

Сатҳи таваррум ҳам яке аз сабабҳои гаронии нархи газу бензин метавонад бошад, вале ҳоло ин мушкил дар мо ҷой надорад. Махсусан бо Русия, ки ҳоло воридкунандаи асосии ин маҳсулот аст.

- Таҷрибаи дар дасти чанд ширкат инҳисор шудани воридот натиҷаи хубе надошт. Оё таҷрибаи инҳисор шудани ин соҳаро ноком меҳисобед ва таҷрибаҳое, ки ба коҳиши нарх ва хуб шудани авзоъ биорад, амалӣ карда мешавад?

- Бояд гӯям, ки аслан зери инҳисор будани ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дуруст нест. Чунки мо 17 ширкати калони воридкунандаи маводи сӯзишворӣ дорем. Онҳо тибқи талаботи худашон ворид карда истодаанд. Мо ҳар се моҳ бо онҳо вомехӯрем ва ягон ширкат то ҳол аз ин чиз шикоят накардааст. Тибқи дархосте, ки худи ширкат барои ворид намудани маҳсулот медиҳад, воридот сурат мегирад. Ин ба маблағ ва имкононти ширкатҳо вобаст аст. Шахсан ман дар инҷо ягон монополияро намебинам.

Нисбати паст кардани нархи сӯзишворӣ дар кишвар супоришҳои мушаххас дода шудааст. Вазорат дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои масъул корбарӣ намуда истодааст. Дар ин самт таҳлилҳо гузаронида истодаанд. Яъне ҳаматарафа таҳлил намуда, баъдан ба як хулосаи аниқ меоянд. Агар ягон монеаҳои сунъӣ бошад, нисбати он чораҷӯӣ мешавад. Сохторҳои дахлдор имконияти аз кишварҳои алтернативӣ ворид кардани маҳсулоти сӯзишвориро ҳам таҳлил мекунад.

- Тақдири корхонаи нафтбарории “Данғара” чӣ шуд?

- Ҳоло мушкилӣ танҳо дар технологияи коркард аст. Дар ин корхона технологияе ба роҳ монда шуд, ки танҳо як намуди нефтро коркард мекунанд. Вале ҳамин нафт ҳам дар Тоҷикистон нест. Аз ин рӯ, ҳоло бознигарии технологияи корхона идома дорад. Дар сурати иваз шудани технология ин корхона ба кор шурӯъ мекунад. Ҳоло аз ҳисбои корхонаҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти нафт дар Тоҷикистон солона то 30-40 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ коркард мешавад. Дуруст аст, шояд бензини навъи аъло набошад, вале мазут, мум ва дигар маҳсулот истеҳсол мешавад. Агар ин корхона ба кор дарояду дар як сол ҳадди ақал 200 ҳазор тонна нафт коркард кунад, хело ба мо кӯмак мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.