Дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бинзин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шудааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёт хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ки ин тағйирот дар пасманзари боло рафтани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёт дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар гирифта шудааст.
Ин манбаъ гуфт, ки тарифҳои нав, ки аз 27 июли соли равон аз ҷониби вазири нақлиёт ба имзо расид, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо равон гардид ва дар ихтиёри онҳо аст, ки чунин тарифҳоро қабул мекунанд ё не.
- Мақомоти иҷроияи маҳалли шаҳру ноҳияҳо метавонанд ин тарифҳоро қабул накунанд, дар ин сурат бояд харҷи зиёдатии нақлиётро аз ҳисоби субсидия ва ё маблағҳои иловагиашон пардохт намоянд,- гуфт манбаъи мо.
Зикр гардид, ки ҳамчунин онҳо нархи автобус ва микроавтобусҳое, ки аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳо мераванд, гарон кардаанд. Масалан ҳоло нархи автобусҳое, ки аз Душанбе то ноҳияи Фархор мераванд 40 сомону 26 дирам муқарар шудааст. Ҳоло он ки пештар бо 30 сомонӣ мешуд, ки то ба ин ноҳия рафт. Ҳамин тариқ, нархи автобусҳое, ки аз Душанбе ба ноҳияи Ҳамадонӣ мераванд 37, 40 дирам муайян шудааст.
Оё роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҳам қиммат мешавад?
Аз муассисаи мазкур гуфтанд, ки нархномаи нақлиёти мусофирбариро дар шаҳри Душанбе худи шаҳрдории пойтахт дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян мекунад ва ин дар салоҳияти онҳо нест.
Аз “Душанбехадамотнақлиёт”, ягона ниҳоди назорат ва танзими нақлиёт дар Душанбе гуфтанд, ки то ба ҳол дар мавриди баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ таҳлил идома дорад ва дар ин бора супорише нашудааст.
- Дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва то баргузории ин ҷашн нархи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баланд намешавад. Ва шояд баъди он ҳам нарх баланд нашавад,-гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.
Чанде пештар ҳам, як мақоми баландпоя аз ҳукумати Душанбе ба “Азия плюс” дар масъалаи баланд кардани роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт гуфта буд, ки таҳлил ва омӯзиш намуда истодаанд.
- Нархи сӯзишворӣ баланду паст мешавад, вале мо наметавонем, ки ҳар боре ки нархи сӯзишворӣ баланд мешавад роҳкироро баланд кунем ва вақте паст мешавад боз поин кунем,-шарҳ дода буданд аз ҳукумати Душанбе.
Аз чанд ширкати таксиҳо ҳам ба мо иттилоъ доданд, ки масъалаи баланд кардани нархи роҳкироро таҳлил намуда истодаанд ва то ба ҳол ба як хулосаи ниҳоӣ наомадаанд. Ҳарчанд гуфтанд, ҳамарӯза бархе ронандаҳо аз хеле зиёд будани масрафоти рӯзонаашон ба ширкатҳо шикоят бурданд.
Ронандаи яке аз ширкатҳои хизматрасонии таксӣ дар Душанбе зимни суҳбати бидуни микрафон ба мо гуфт, ки ширкати онҳо нақша дорад, ки нархи роҳкироро аз 10 сомонии 3 км аввал ба 15 сомонӣ боло барад ва баъди 3 км нархро аз 2,5 сомонӣ ба 3,5 сомонӣ расонад.
Вале роҳбарият ва масъулини ширкатҳо дар ин бора шарҳ намедиҳанд ва ин иддаоро таъйид ва рад ҳам намекунанд. Танҳо мегӯянд, ки ин масъаларо омӯхта истодаанд.
Аз Душанбе ба минтақаҳо автобусҳо бо чанд сомонӣ мераванд?
Душанбе –Ёвон 15, 40 дирам;
Душанбе – Норак 13, 20 дирам;
Душанбе – Бохтар 20,90 дирам
Душанбе – Леваканд 25,52 дирам
Душанбе – Кӯлоб 40 сомонӣ
Душанбе – Абдураҳмони Ҷомӣ 18 сомонӣ
Душанбе – Ҷалолиддини Балхӣ 28,82 дирам
Душанбе – Кушониён 24, 20 дирам;
Душанбе – Шаҳритус 40 сомонӣ
Душанбе – Вахш 25,96 дирам
Душанбе – Панҷ 45,32 дирам
Душанбе – Дӯстӣ 29,26 дирам
Душанбе – Ҷайҳун 34,98 дирам
Душанбе – Қубодиён 36,96 дирам
Душанбе - Восеъ 36,52 дирам
Душанбе – Данғара 21,56 дирам
Душанюбе – Хуросон 11, 66 дирам
Душанбе – Фархор 40,26 дирам
Душанбе – Ҳамадонӣ 37,40 дирам
Душанбе – Турсунзода 12,32 дирам
Душанбе – Обигарм 22,44 дирам
Душанбе - Роғун 24,20 дирам
Душанбе - Файзобод 7,70 дирам
Душанбе - Шаҳринав 9,68 дирам
"Маршруткаҳо" ҳам гарон шуданд?
Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ гуфтанд, ки онҳо ҳамчунин, роҳкирои микроавтобусҳое, ки аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи Душанбе мераванд, боло бардоштаанд. Масалан, нархи роҳкиро аз Душанбе то Ваҳдат 5,60 дирам, аз Душанбе то Турсунзода 13,32 дирам, аз Душанбе то Ҳисор 6,44 дирам, аз Душанбе то Рӯдакӣ 4,76 дирам, аз Душанбе то Варзоб 7,28 дирам ва аз Душанбе то Шаҳринав 13,32 дирам муқаррар карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе открылась сеть автомоек самообслуживания: быстро, удобно, экологично
Международные аэропорты в Таджикистане обязали платить авиавластям 10 центов за каждого пассажира
Осужденный таджикский правозащитник стал обладателем премии Мартина Энналса
Как песчаные и пыльные бури влияют на ледники в Таджикистане
Минтруда Таджикистана вновь опровергло слухи о выплатах компенсаций
Токаев поручил повысить меры безопасности из-за обострения российско-украинского конфликта
Мать актера, сыгравшего Джуру-охотника, выпустили из колонии. Но обвинения с нее не сняты
В Таджикистане не хватает своей кукурузы. Нам приходится тратить миллионы на ее закупку
Камнепады заблокировали трассу Куляб – Дарваз – Хорог, движение транспорта приостановлено
В Таджикистане назвали лучших легкоатлетов сезона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста