Дар соли 2021-ум 69 ҳазору 839 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар роҳ ёфтаанд, ки ин 85 фоизи довталабони ба озмун роҳёфтаро ташкил медиҳад. Дар ин бора, аз маркази матбуоти ММТ ба “Азия плюс” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 64 ҳазору 966 нафар ба коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёфтанд ва дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) 4 ҳазору 873 нафар ба муассисаҳои миёнаи касбӣ дохил шуданд.
Манбаъ гуфт, ки шумораи қабулшудаҳо нисбат ба нақшаи қабули донишҷуён 23 ҳазору 655 нафар кам мебошад. Нақшаи қабули марказ дар соли 2021-ум 93 ҳазору 494 нафарро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки ин шумораи ниҳоии донишҷӯёни таҳсилмекарда набуда, интизор меравад, ки бархеи онҳо барои супоридани ҳуҷҷатҳои худ, яъне қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо ва ё коллеҷҳо ҳозир нашаванд.
- Ҳамаи ин донишҷӯён бояд то 30 август ҳуҷҷатҳои худро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки гузаштанд, супоранд ва худро ба қайд гиранд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудан, онҳо аз ҳуқуқи донишҷӯӣ маҳрум мешаванд, - мегӯяд, манбаъи мо аз ММТ.
Гуфта мешавад, ки имсол, 103 ҳазору 777 нафар худро тавассути ММТ ҳамчун довталаб ба қайд гирифтанд, ки аз ин 93 ҳазору 148 нафар дар имтиҳонҳо ширкат намудаанд. Шумораи довталабони ба тақсимот (озмун) роҳёфта бошад, 81 ҳазору 729 нафарро ташкил медиҳад.
Соли 2020-ум 95 ҳазору 338 нафар барои қабул шудан ба муассисаҳои олӣ ва миёна тариқи ММТ имтиҳон супориданд, ки аз онҳо 70 ҳазору 29 нафар ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ роҳ ёфтанд. Имсол шумораи имтиҳонсупоридаҳо назар ба соли 2020-ум 13 ҳазору 609 нафар кам буда, шумораи ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо роҳёфта, низ 190 нафар коҳиш ёфтааст. Соли 2020-ум 25 ҳазору 309 нафар аз имтиҳони қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои миёнаи касбӣ афтиданд.
Гуфта мешавад, ки имсол аз шумораи умумии онҳое, ки дар имтиҳони ММТ супориданд, 11 ҳазору 890 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб нашуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Покушение века» и большая чистка в силовых структурах Узбекистана. Кто хотел убить бывшего пресс-секретаря Мирзиёева?
«Подозрительно преступный». Таджикская журналистка пожаловалась в прокуратуру на произвол милиции в отношении ее ребенка
В ООН призвали талибов обеспечить свободу выражения мнений, особенно – женщинам
Жителя Петербурга задержали по подозрению в легализации 21 тысячи мигрантов
Рубль к таджикской валюте обесценился до небывалого за последние 9 лет уровня
Политических госслужащих в Казахстане будут наказывать за неисполнение поручений президента
Власти Афганистана создали Управление по сохранению ценностей джихада
Волшебство, объединившее технологические чудеса и фантазии. Лучшие парки развлечений Китая
Мирные переговоры Киева и Москвы: как они могут выглядеть?
Таджикский боец Мухаммад Наимов узнал своего нового соперника в UFC
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста