Пас аз ҷанҷоли гурӯҳӣ дар маркази шаҳри Маскав мақомоти пулиси пойтахти Русия парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Муноқишаву занозании навбатии муҳоҷирон дар кӯчаи Бауман рӯзи 27 август ба вуқӯъ пайвастааст.
То омадани кормандони пулис иштирокчиёни он пинҳон шуданд, лекин баъдан “бо мақсади санҷиши даст доштан ба ин ҳодиса, инчунин ошкор намудани шоҳидони ҷанҷол 49 нафар ба шуъбаи маҳалии умури дохилӣ бурда шуданд.
15 нафари онҳо барои майдаавбошӣ ҷарима шудаанд.
Парванда мутобиқи модда дар бораи авбошии аз ҷониби гурӯҳи шахсон содиршуда оғоз гардид (қисми 2 моддаи 213 КҶ ФР).
Ҷазои ҳадди ниҳоӣ тибқи ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то ҳафт сол муқаррар шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи тафтишот, дастикам даҳ нафар зодагони Осиёи Марказӣ дастандаркорони занозанӣ будаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти сафорати Қирғизистон дар Русия, аз рӯйи ин далел 19 нафр қирғизистониҳо ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд, хабар медиҳад kloop.kg.
Аммо дар сафорат ба нашрия изҳор доштаанд, ки бино ба маълумоти пешакӣ, шаҳрвандони Қирғизистон дар ин ҷанҷол штирок накардаанд.
“Дар доираи чорабиниҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкор кардани ҳолатҳои ҳодиса ҳамагӣ 50 нафар шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ШВКД ноҳияи Басман оврада шудаанд. Аз ин шумор 19 нафар шаҳрвандони Қирғизистон тибқи моддаи “Майдаавбошӣ” ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд”, - хабар додаанд ба “Клооп” дар сафоратхона.
Тибқи маълумоти Baza, миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳузур доштаанд.
Тайи моҳҳои ахир муноқишаҳо байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст.
Шаби 18 август дар яке аз хостелҳо дар кӯчаи Адмирал Корнилов бо иштироки муҳоҷирон боз як ҷанҷол рух дод.
Нисбати ҳафт нафар боздоштшудагон санадҳо дар бораи майдаавбошӣ тартиб дода шуда, тавре маълум шуд, панҷ тан аз онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доштаанд. Онҳоро ихроҷ мекунанд.
Қаблан раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин ваъда дода буд, ки назорат аз болои муҳоҷирони қонуншикан пурзӯр карда мешавад.
Ӯ зикр кард, ки ахиран якчанд ҳодисаҳои қонуншикании ҷиддӣ ва ҷанҷолҳои гурӯҳӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Ин тавр намешавад. Аз чунин меҳмонон хурсанд нестем. Аз ин рӯ, мақомоти пулис моҳҳои ахир рейдҳои ҷиддӣ гузаронид. 800 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳудуди 200 нафар ихроҷ шуданд ва ба 17,5 ҳазор нафар вуруд ба кишвар манъ шуд”, - изҳор доштааст раиси шаҳри Маскав.
Ӯ таъкид доштааст, ки барои баъзеҳо ин метавонад аз ҳад зиёд ба назар расад, аммо минбаъд низ чунин назорат боқӣ хоҳад монд.
Собянин аз меҳмонони пойтахти Русия даъват кардааст, ки ба таври дурусту шоиста рафтор кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.