Чанд рӯз аст, баҳси болоравии роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе ниҳоӣ намешавад. Чанд рӯзаст, сокинон шикоят мекунанд, ки нархи ин таксиҳо боло рафтааст. Дар аввал, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам ин иддаоро тасдиқ намуд ва гуфт нарх бо онҳо мувофиқа шудааст. Вале як рӯз пас бо ирсоли як мактуби расмӣ ба “Азия плюс” гуфт, нархи нав бо онҳо мувофиқа нашудааст. Мақомоти шаҳрдорӣ ҳам аз роҳбарияти ширкатҳо талаб кардаанд, ки роҳкирор баланд накунанд. Чаро ин баҳс ниҳоӣ намешавад?

Дирӯз, 1 сентябр муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода дар як ҷаласа ба ширкатҳои хизматрасонии таксии пойтахт супориш додааст, ки арзиши роҳкироро худсарона боло набардоранд ва раванди фаъолияти ронандаҳои худро зери назорат қарор диханд.

Тавре МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад,  мавсуф ин нуқтаро дар пайи сару садоҳо оиди баландгардидани арзиши роҳкирои ин таксиҳо қайд намудааст.

Намояндаи Хадамоти зидиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе С. Нарзулоев дар ин ҷаласа гуфтааст, ки ширкатҳои хизматрасонии таксӣ доир ба зиёд намудани арзиши роҳкиро ба ин ниҳод хулоса пешниҳод накардаанд.

- Ба ширкатҳои хизматрасонии таксии Душанбе дар мавриди худсарона аз ҷониби ронандагон боло бурдани арзиши роҳкиро огоҳӣ дода шуда, дар сурати ворид гардини шикоят ба ин сохтор нисбати чунин ширкат чораҳои зарурӣ андешида мешавад, - гуфтааст намояндаи Хадамот дар шаҳри Душанбе .

“Ҳа” - ю “не” - и болоравии нархи таксиҳо


Чанд рӯз аст, ки сокинони Душанбе аз баландшвии роҳкирои таксиҳои фармоишӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки “арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд”.

Ҳамин тариқ, рӯзи 31 август аз маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба “Азия плюс” хабар доданд, ки роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе расман қиммат шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун баробари савор шудан ба таксӣ ва то 3 км рафтан, ки 10 сомонӣ буд, мусофирон 15 сомонӣ пардохт мекунанд. Пас аз ин, 1 километри роҳ, ки пештар 2,5 сомонӣ буд, 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Дар ин ниҳод гуфта буданд, ки ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ нархи навро бо онҳо мувофиқа кардаанд ва Хадамоти зиддинҳисорӣ иҷозат дод.

- Нархҳои нав дар пасманзари қиммат шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонид,- гуфта буданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Вале як рӯз пас, Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон дар вокуниши расмии худ ба “Азия плюс” гуфт, ки нархҳои нав бо ин ниҳод мувофиқа нашудааст

Ин ниҳод бо ирсоли мактуби расмӣ навишт, ки “то ба ҳол ба Хадамот дархост дар хусуси баланд бардоштани нархи роҳкирои таксиҳо аз ҷониби ширкатҳои мусофиркашонӣ ва “Душанбехадамотнақлиётрасон” ворид нагардидааст ва болоравии нархи он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа расонида нашудааст”.

Хадамот: Санҷиш дар ширкатҳои таксӣ идома дорад

Имрӯз, аз дафтари матбуотии Хадамоти зиддинҳисорӣ ба “Азия плюс” гуфтанд, ки доир ба масъалаи мазкур дар ширкатҳои хизматрасонии таксӣ санҷиш оғоз ёфтааст ва баъди баррасии пурраи масъала ба ВАО иттилоъ хоҳанд дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз, 2 август ба “Азия плюс” гуфта буданд, ки ширкатҳои хизматрасонии таксӣ роҳкироро ғайриқонунӣ аз пеши худ баланд кардаанд ва онҳо масъулинро барои баррасии масъала даъват кардаанд.


- Мо ба ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ мактуби расмӣ ирсол намудем ва аз онҳо даъват кардем, ки барои баррасии масъала ба Хадамот ҳозир шаванд. Мо доир ба ин масъала чораандешӣ мекунем.,- гуфтанд аз Хадамоти зиддинҳисорӣ.

Нархи роҳкиро дар дигар минтақаҳо боло рафт. Душанбе чӣ?

Дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бинзин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шудааст.

Акнун, шурӯъ аз 1 сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд то 25 % тағйир ёфта, тибқи нархномаи нав арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва нақлиёти наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ боло бурда мешавад.

Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд Олим Очилзода дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки болоравии бесобиқаи нархи маводи сӯхт ба фаъолияти ширкатҳои мусофиркашонӣ таъсир расонида, то ин замон борҳо шуморе аз ронандаҳо дар бораи мушкили руйпуш карда натавонистани хароҷоти худ, ба унвонии онҳо муроҷиат кардаанд.

Чаро ниҳоӣ намешавад?

Ҳаммакнун, таксиҳои ба истилоҳ “3 сомона”, ки баъдан 5 сомонӣ шуданд, ҳоло 7 сомонӣ кирои роҳ мегиранд.

То ҳол танҳо нақлиёти ҷамъиятии Душанбе қиммат нашудааст. Вале аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ин масъала ҳам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дорад, вале то кунун ниҳоӣ нашудааст.

Аз “Душанбехадамотнақлиёт”, ба мо гуфтанд, ки то ба ҳол дар мавриди баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ таҳлил идома дорад ва дар ин бора супорише нашудааст.

- Дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва то баргузории ин ҷашн нархи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баланд намешавад. Ва шояд баъди он ҳам нарх баланд нашавад, - гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Ҳоло дар саросари кишвар якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва камбудии газ мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, як литр газ аз аввали сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт: аз 4 сомонӣ то 9 - 9,3 сомонӣ дар Душанбе. Як литр бензини АИ-92 имрӯз дар Душанбе 8,9-9,5 сомонӣ арзиш дорад. Бештари ронандагони нақлиёт аз хароҷоти зиёду зарар диданашон шикоят мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.