Олмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи “AstraZeneca” ворид намуд. Дар ин бора, дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ин кӯмак дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19, 9 сентябри соли равон аз ҷониби кишвари Олмон ба Тоҷикистон ворид гардид.


- Маросими расмии супоридани ваксинаҳои мазкур имрӯз, 10 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон баргузор гардид, - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.