Барқи тоҷик бо ирсоли як паёмак ба сокинони шаҳри Хуҷанд ҳушдор додааст, ки дар мавриди истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ташаббускор бошанд. Ин ширкат гуфтааст, дар ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд истифода кардан, қувваи барқ бидуни огоҳии муштариён қатъ мегардад.
Ин паёмак сар аз субҳи 10-уми ноябр ба телефонҳои мобили аксар муштариёни Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд расидааст. Ирсоли паёмак дар оғози мавсими сармо гурӯҳеро нигарон ва гурӯҳи дигарро ба сарфакорона истифода бурдани барқ водор кардааст. Аммо иддае суол гузоштанд, ки меъёри истифодаи барқ барои як оила чӣ миқдор аст ва оё чунин меъёр гузоштан қонунист?
Аз Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд меъёри истифодаи нерӯи барқ барои як хона 5 киловат дар як соат аст. Аммо гуфтанд, ҳадафи ирсоли паёмаки огаҳкунанда хомӯш кардани барқ дар хонаҳо нест, балкӣ ҳушдор аст, ки аҳолӣ ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани он рӯй оранд.
Ҷумъа Воҳидов, роҳбари техникии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар оғози моҳи ноябр истифодаи нерӯи барқ 2 миллион киловат соат буд, аммо дар ин шабу рӯз то ба 2 миллиону 750 ҳазор киловат соат зиёд шудааст.
Ба иддаои ин масъули шабакаҳои барқ, талаботи аҳолӣ ба барқ дар фасли зимистони соли гузашта низ чунин набуд. Ӯ гуфт, ҳоло ҳаво чандон сард нест, вале сокинони Хуҷанд масрафи барқро ба андозаи фасли зимистон баробар карданд. Аз ин рӯ аҳолиро ҳушдор додаанд, ки дар истифодаи нерӯи барқ сарфаву сариштакор бошанд, чун фасли сармо дар пеш аст.
“Мардум бояд як хонаро гарм кунанд. Пеши ойнаҳоро салафанбандӣ намуда гармиро набояд берун сар диҳанд. Бо нерӯи барқ мо тамоми шаҳрвандони шаҳри Хуҷандро таъмин мекунем. Фақат мо аз онҳо хоҳиш дорем, ки сарфаву саришта карда нерӯи барқро камтар истифода баранд”.
Аҳолӣ чӣ мегӯянд?
Паёмаки огаҳкунанда дар ҳоле ба мардум расид, ки ба гуфти онҳо аз оғози моҳи ноябр ҳаво якбора сард шуд, маҷбур ба дастгоҳҳои барқӣ рӯй оварданд. Чун дар баландошёнаҳо имкони ба василаҳои дигар гарм кардани хонаҳо вуҷуд надорад. Гурӯҳе гуфтанд бидуни ҳушдори “Барқи тоҷик” низ дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор шудаанд.
Саодат Солибоева, як сокини шаҳри Хуҷандро паёмаки огаҳкунанда то ҷое нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, бе он ҳам дар фасли зимистон аъзои оила дар як ҳуҷраи хонаи баландошёна зиндагӣ мекунанд, то барқро зиёд масраф накунанд. Вай афзуд, зиёд ҳисоб шудани маблағи барқ дар фасли зимистон бе он ҳам мардумро ба сарфакорӣ маҷбур кардааст.
“Барқро истифода мебарем, илоҷи дигар надорем. Оё дар хонаи хунук зиндагӣ кунем? Ҳоло ҳамаҷо пандемия аст. Як кас бемор шуд дар хона ҳама бемор шавад? Мо мувофиқи шароити иқтисодии худ барқро сарфакорона истифода мебарем. Саривақт пули барқро медиҳем оё ҳуқуқи истифодаи онро надорем?”,-мегӯяд ин шаҳрванд.
Ба гуфтаи Набиҷон Маҳмудов, сокини дигари шаҳри Хуҷанд дар фасли зимистон пардохти маблағи истифодаи барқ якбора чанд баробар зиёд мешавад, ки ба иқтисоди хонаводаҳо бетаъсир нест. Аз ин рӯ аксарият бо риояи меъёри сарфакоронаи истифодаи барқ кор мекунанд. Ӯ афзуд, фасли сармо дар пеш аст, вале аллакай маблағи истифодаи барқ зиёд шудааст, ки бештари хонаводаҳо ба ҷузъ такя ба нерӯи барқ дигар чора надоранд.
“Ҳоло ҳаво сард шуд, оилаҳое, ки кӯдак доранд душвор аст, бе он ҳам ба сабаби пандемия ҳама дар хона камин гирифтаанд. Худи набераҳои ман низ ба кӯдакистон нарафта истодаанд. Маслан агар гӯйед 50 сомонӣ аз барқ сарфа мекунам, аммо Худо накарда дар хонаи хунук бемор шавед чаҳор дору харед то 500 сомонӣ масраф мешавад”.
Ба гуфтаи сокинон имсол нархи гази моъе, ки умдатан ҳангоми пухтани хӯрок аз он истифода мебурданд боло рафт ва маҷбур ба нерӯи барқ рӯй оварданд. Ҳамасола дар шаҳри Хуҷанд сокинон дар фасли зимистон аз зиёд ҳисоб шудани маблағи барқи хонаҳояшон шикоят мекунанд.
Вале ҳоло сармо дар пеш аст, ки мақомот онҳоро ҳушдор медиҳад сарфакор бошанд. Аҳолӣ низ мегӯяд, ҳавасманди зиёд истифода бурдани барқ нестанд, вале дар баландошёнаҳо илоҷи дигари зиндагиву гарм кардани ҳуҷраҳо вуҷуд надорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Huawei открывает новую главу концепции ULTIMATE DESIGN
Кому в Таджикистане достанутся бюджетные субвенции в наступающем году?
Таджикский спортсмен Обид Джебов получил в Японии приз за лучшую технику
«У нас нет сил, чтобы вернуть их». Зеленский — о Крыме и Донбассе
Талибы договорились теперь и с Ташкентом о поставках электроэнергии в 2025 году
Всемирный банк даст Таджикистану $350 миллионов на достройку Рогунской ГЭС
В Госдуме призвали ввести визы для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 декабря 2024 года
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста