Модари Гулбиддин Зиёбеков, ки писараш дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ кушта шуд, мехоҳад, ки ба вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даст ёбад.
Певистамо Абдулмуминова, 1 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомоти ВМКБ аризаи ӯро баррасӣ накарда, аз ин рӯ, тасмим гирифтааст, ки ба президент муроҷиат кунад.
Ёдрас мекунем, ки сокинони шаҳри Хоруғ маҳз аз куштори Гулбиддин Зиёбекови 29-сола изҳори норозигӣ намуда, ин ба баргузории гирдиҳамоии чоррӯза боис гардид. Эътирозгарон талаб доштанд, ки гунаҳкорони марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Гулбиддин Зиёбеков субҳи 25 ноябр дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа кушта шуд. Мақомоти прокуратураи ВМКБ изҳор намуд, ки Зиёбеков ба гумони айбдорӣ дар гаравгонгирӣ ва барангехтани адовати миллӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
“Ҳангоми амалиёт ӯ муқовимат нишон дода, аз таппончаи Макаров, ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш буд, ба тирпарронӣ оғоз кард”, - зикр шуда буд дар маълумоти прокуратура.
Аммо Певистамо Абдулмуминов мегӯяд, писараш ҳеҷ гоҳ силоҳи ҷангӣ надоштааст.
"Ба номи Худо қасам, ба арвоҳи писари навгузаштаам қасам, ҳеч гоҳ дар дасти писарам силоҳ надидаам. Писари ман на хидмати ҳарбӣ карда буд ва на силоҳ истифода бурда метавонист. Ин таппонча аз куҷо пайдо шуд, намедонам," - гуфтааст зан.
Шоҳидон инчунин гуфтаанд, дар ҷараёни амалиёт Гулбиддин Зиёбеков силоҳ надошт, аммо телевизиони маҳаллии ТВ “Бадахшон” ба сифати далели айбдории Зиёбеков дар гузорише таппончаи гӯё ба ӯ тааллуқдоштаро бо тирҳояш нишон дод.
Певистамо Абдулмуминова мегӯяд, дар зарфи 10 моҳи баъди ба гаравгон гирифтани корманди прокуратура писарашро боре ҳам барои додани баёнот даъват накардаанд.
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ шоми 28 ноябр пас аз ваъдаи мақомот дар бораи тафтиши дақиқи ҳодисаи марги Зиёбеков ва боз ду ҷавони дигар, инчунин иҷрои дигар талабҳои эътирозгарон ба поён расид.
Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Поддержка президента, миллион слушателей и новые проекты: радио «Азия-Плюс» отмечает 22-й день рождения
С днем независимости, таджикистанцы!
Путешествие в утопический мир: таджикский путешественник Фарход Калонов побывал на Burning Man
Туристические места Таджикистана, которые нужно посетить осенью
Могильные ограды в обороте. Кто и зачем обкрадывает кладбище в Душанбе
Что делать, если вы застряли в лифте в душанбинской высотке?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 сентября 2024 года
Вкусные, полезные, а главное простые блюда из дыни
На Кайраккумской ГЭС запустили агрегаты после реконструкции
Би-би-си и Медиазона: Среди 68 тысяч погибших военных со стороны России в Украине 98 таджикистанцев и узбекистанцев
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста