“Дар сиёсати муҳоҷирати Русия тағйирот сурат мегирад. Ислоҳоти қонунгузорӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, то нимаи соли 2022 лоиҳаи он ба Думаи давлатӣ пешниҳод мешавад”, - гуфтааст президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.
Тавре ки "Российская газета" хабар медиҳад, бо қабули қонун то охири сол IT-корти рақамии муҳоҷир ҷорӣ мешавад.
Ба гуфтаи Коженов, IT-корт шиносномаҳои кормандони кишварҳои аслашонро иваз намуда, санади тасдиқкунандаи шахсият хоҳад шуд.
“Он ба муҳлати 10 сол дар саросари Русия амал карда, патент барои кор ба минтақаи додашуда вобаста аст. Дар давоми 10 сол агар дорандаи корт ягон қонуншиканӣ надошта бошад, он бемуҳлат мешавад”, - гуфтааст Коженов.
Ӯ хабар додааст, ки феҳристҳои электронии корфармо ва муҳоҷирон омода мешаванд. Онҳо кирои “рақамӣ”-и хориҷиёнро ба кор танзим мекунанд. Ба ин тариқ, Коженов ғайримустақим маълумот дар бораи коҳиши раванди муҳоҷиратро рад мекунад.
Баръакс, тибқи маълумоти ВКД, соли 2021 шумори хориҷиёни худро ба қайд гузошта афзудааст. Агар соли 2020 шумори онҳо 8 млн 327 ҳазору 24 нафарро ташкил медод, пас соли 2021 ин рақам то ба 10 млн 616 ҳазору 980 нафар расидааст.
Бино ба маълумоти Комиссияи авруосиёии иқтисодӣ, соли 2021 низ шумори муҳоҷирон дар Русия бештар шуда, лекин дар соҳаҳои боррасониву сохтмон норасоии онҳо ба мушоҳида мерасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.