Баҳри ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои таъмир дар нақби “Истиқлол” ҳаракати нақлиёт тариқи он дар вақти шом ҳам маҳдуд мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS.
Шурӯъ аз 20 декабр ҳамарӯза аз соати 9:00 то 13:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Истиқлол” боздошта мешавад. Корҳои таъмир 10 рӯз давом мекунанд.
“Дирӯз, 21 декабр ба ҳаракати нақлиёт дар вақти шомгоҳон нз маҳдудият ҷорӣ шуд - аз соати 21:00 то 24:00. Дар ин вақт дар нақб низоми ҳавософкунӣ насб мешавад”, - хабар доданд аз ширкат.
Дар ширкат мушаххасан нагуфтанд, ки маҳдудиятҳои ҳаракат маҳз дар вақти шабонгоҳ то кай амал мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Истиқлол” борҳо маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Тобистони соли равон низ дар робита ба корҳои таъмир нақб баста шуда буд. Корҳои таъмиру навсозӣ муддати 3 моҳ давом карда, дар он дастгоҳҳои рӯшноидҳанда, камераҳои мушоҳидавӣ ва ҳавософкунакҳо насб карда шуданд.
Таърихи сохтмони нақб
Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби “Истиқлол” созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.
Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд. Лекин аз сабаби хатои лоиҳакашон, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.
Моҳи апрели соли 2014 корҳои бозсозии нақби “Истиқлол” дубора шурӯъ шуда, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ боздошта шуд.
Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми $6 млн. иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимондаи нақб ҳар кадоме $3 млн. ҷудо мекунанд.
Аммо соли 2016 муносиботи Тоҷикистону Эрон сард шуда, танҳо соли 2019 рӯ ба беҳбудӣ овард.
Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.