Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Русия ва бозпас аз он ҷо парвозҳо анҷом медиҳанд, талаб кард, ки нархи билетҳоро поин баранд ва беасос болоравии онро шарҳ бидиҳанд.
Ин талаб дар ҷаласаи таъҷилии Агентӣ, ки 18 январ доир гардид, баён шуд. Дар он роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, UTair, «Сибирь», «Северный ветер» ва «Сомон Эйр», ки аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо анҷом медиҳанд, иштирок кардаанд.
“Мо аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ талаб кардем, ки дар бораи беасос боло бурдани нархи билетҳо маълумот пешниҳод кунанд. Онҳо огоҳ карда шуданд, ки агар нархҳоро поин набаранд, Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавриди минбаъд иҷро шудани парвозҳои мунтазам аз ҷониби онҳо чораҷӯӣ мекунад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии мазкур.
Зимнан зикр шуд, ки ба мудирони кулли ширкатҳои ҳавопаймоӣ мактубҳои расмӣ фиристода шуда, дар он боисрор талаб шуд, ки нархи билетҳои ҳавопаймо фавран поин бурда шаванд.
Раҳбарияти Агентӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ бори дигар хотиррасон намуд, ки мувофиқи қарори ин ниҳод, арзиши билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва бозпас аз он набояд аз 500 доллар зиёд шавад.
“Пас аз таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, мо дар бораи 500 доллар муайян кардани арзиши билетҳои ҳавопаймо аз як самт ва бозпас қарор қабул кардем. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, онҳо билетро 300-350 доллар монда метавонанд, лекин билети бозпас аз Маскав ба Душанбе бояд 150-200 доллар нарх дошта бошад. Онҳо ҳамеша бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт набояд аз 500 доллар зиёд шавад”, - зикр гардида буд қаблан.
“Ширкатҳои ҳавопаймоӣ гунаҳкор нестанд”
Намояндаи яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон бо номи Абдуҳабиб (ном иваз шудааст) ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки агар сабаби якум ва дуюми қиматшавии билетҳо ба оғози мавсими нав ва афзоиши нархи авиакеросин вобаста бошад, сабаби сеюмаш - арзиши баланди хидматрасонии фурудгоҳҳо мебошад.
“Хидматрасонии фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз дигар фурудгоҳҳои минтақа қиматтаранд. Ҳама савол медиҳанд, ки “чаро билети ҳавопаймо аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Русия арзонтар аст, ҳарчанд ҳамон як ширкати ҳавопаймоӣ бошад ҳам?”. Барои ин, ки хидматрасонии ин фурудгоҳҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нисбат ба Тоҷикистон арзонтар меафтад. Барои ҳамин билетҳо ҳам арзонтар мешаванд”, - иброз дошт Абдуҳабиб.
Ба гуфтаи манбаъ, маблағи хидматрасонии фурудгоҳҳо ҳам дар нархгузорӣ ба назар гирифта мешавад.
Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки агар қиматшавии билетҳои ҳавопаймо бо чунин суръат давом кунад, шояд вазъи баҳори соли 2021 такрор шавад: зиёда аз 14 ҳазор сомонӣ нархи билет ба Маскав.
Тайи чанд ҳафтаи ахир арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас боло рафт. Агар то Соли нав харидани он бо маблағи аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) имкон дошт, пас ҳоло нархи билетҳо қариб ду баробар - зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ (530 доллар) боло рафтааст. Ин зиёдтар аз нархи муқарраркардаи Агентиии авиатсияи граждании кишвар ба парвоз аз Душанбе ба Маскав ва бозгашт мебошад.
“Арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав, ки 20-уми январ аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода мешавад, 7 ҳазору 248 сомониро ташкил медиҳад, - хабар доданд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе.
Қаблан яке аз фурӯшандагони хазинаҳои пойтахт бо номи Алишер ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки босуръат болоравии арзиши билетҳои ҳавопаймо ба оғози мавсими нав ва талаботи баланди мусофирон вобаста аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Таджикистан в октябре поставил соседям электричество на 3,8 миллионов долларов
TİKA подарило спортинвентарь баскетболистам-колясочникам Таджикистана
"Мы ничего не знаем". Суд по делу известных политиков вновь прошел за закрытыми дверями
В Казахстане закрыли проезд по мосту между Европой и Азией
Власти Абхазии усмотрели в действиях протестующих признаки госпереворота
На каких условиях Казахстан будет приобретать энергию Рогунской ГЭС?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста