Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат чанде қабл дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи грантии ТЕС-19-и Бонки умумиҷаҳонӣ ва бо мусоидати механизми COVAX ба Тоҷикистон 650 ҳазору 400 воя ваксинаи “Модерна” ворид гардид.
Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин иқдом бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) анҷом дода шуд.
Вазорат хотиррасон менамояд, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
То санаи 20 январи соли равон беш аз 4 млн 355 ҳазору 582 нафар (75,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 3 млн 636 ҳазору 802 нафар (63,1%) шаҳрвандон гирифтаанд. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар зарур аст.
Бо назардошти дар саросари дунё зуҳур намудани штамии нави коронавирус - “омикрон”, ки аллакай дар кишварҳои ҳамсоя расман сабт шудааст, мақомоти Тоҷикистон ба бозэмкунӣ ё реваксинатсияи аҳолӣ шурӯъ намуданд.
Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ аз сирояти коронавирус аз 5 навъи ваксинаҳо истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.
Қаблан дар як маводи “Азия-Плюс” зикр шуд, ки аз охири моҳи декабри соли гузашта дар саросари Тоҷикистон як зуком (грипп)-и аҷиб паҳн мешавад, дар озмоишгоҳҳо даҳҳо ҳолати коронавирус ошкор шуда, табибон дар бораи аломатҳои штамми “Омикрон” ҳарф мезананд, лекин Вазорати тандурустӣ мавҷудияти вирусро дар кишвар рад мекунад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гирифтор шуданашон ба сирояти коронавирус ва натиҷаи мусбат нишон додани тесташон маълумот медиҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.