Нархи баъзе маҳсулотро дар ин давра муқоиса намудем... ва ҳайрон ҳам нашудем.
Давоми 5 сол ҳама навъи гӯшт, марҷумак (гречка), маснуоти макаронӣ, равғани растанӣ ва маска, панир, сабзӣ ва сирпиёз (чеснок) ду баробар ё қариб ду баробар гарон шуд. Нархи орду шир, қанд (шакар), биринҷ, моҳӣ, ҳасиб, қаланфури булғорӣ, бодиринг, мандарин ва гулкарам ба андозаи 50% боло рафт.
Дар бозорҳои Тоҷикистон болоравии начандон назарраси нархҳо ба дигар сабзавоту мева ва инчунин тухм низ ба мушоҳида мерасад.
Аз номгӯи маҳсулоти дар боло зикршуда Тоҷикистон имкон дорад, ки аҳолии худро бо гӯшти мурғ, тухм ва навъҳои асосии сабзавоту мева таъмин кунад.
Маълумоти инфографикаи зер дар моҳи декабри ҳар сол тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон ва торнамои Agroinform.Asia. пешниҳод мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.