Мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд дар шарҳи рӯй овардани табибони тоҷик ба муҳоҷират гуфтанд, бино ба мушоҳидаҳо аксари табибон баъди анҷоми барномаҳои махсус ва дарёфти имтиёз ба гирифтани хона ва шаҳрвандӣ аз муҳоҷират баргашта истодаанд. Аммо оморӣ дақиқи табибони ба ватан баргашта гуфта нашуд.
Бино ба иттилои Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд соли гузашта 183 табиб ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили ихтисос ва таҳсил ба кишварҳои хориҷа рафтаанд.
Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори ин Раёсат зимни нишасти хабарӣ гуфт, қиме аз онҳо “баъди хатми ординатура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ баргашта омада истодаанд”. Ӯ аз шумори дақиқи табибони аз муҳоҷират баргашта ёдовар нашуд, вале афзуд гурӯҳе аз табибон барои дарёфти имтиёз рӯй ба кишварҳои дигар меоранд.
“Муҳоҷират натанҳо дар соҳаи тандурусӣ, балки дар ҳамаи соҳаҳо ҳаст. Мушкили норасоии духтурон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст, корбарӣ карда истодаем. Чи хеле, ки медонед барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисон мавҷуд аст, аз ҷумла дарёфти шаҳрвандӣ ё гирифтани хона, аз он истифода бурда, баъдан бисёрашон аз рӯйи мушоҳидаҳо баргашта истодаанд”.
Мақомоти тандурустӣ муҳоҷрати табибон ба хориҷи кишварро аз чанд ҷиҳат муҳим низ мешуморанд. Аз ҷумла ба гуфтаи Ҳабибулло Муҳиддинов “тақрибан 30 дарсади табибоне, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мераванд дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷа аз такмили ихтисос мегузаранд ё рисолаи илмӣ ҳимоя мекунанд”.
Ба ақидаи ӯ гурӯҳе аз табибон, баъди ду соли хатми ординатура бо донишу таҷрибаи нав бармегарданд ва гурӯҳе барои омӯзиши баъзе намуди амалиёти ҷарроҳӣ рӯй ба кишварҳои хориҷӣ овардаанд, ки чунин намуди ҷарроҳӣ ё табобат дар Тоҷикистон мавҷуд нест.
“Рафту омад шавад ба назарам ба соҳаи тандурустӣ, табобат ва ҷарроҳӣ дар мо манфиати худро мерасонад. Бисёрияшон рафта баргашта омада истодаанд ва дар як сол мо 397 табибро ба кор қабул кардем, байни онҳо аз муҳоҷират баргаштаҳо низ ҳастанд”,-гуфт, Ҳабибулло Муҳиддинов
Ҳарчанд сардори Раёсати тандурустӣ шумори дақиқи табибони аз кор рафта дар соли гузаштаро зикр накард, вале гуфт ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен ба табибон ва кормандони миёнаи тиб ниёз аст.
Дар пайи мушкили норасоии табибон, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муҳоҷират рӯй овардани табибону омӯзгоронро ташвишовар хонд. Вай дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта 17 нафар пизижк тарки кор карда, 7 нафар аз онҳо ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафтанд. Боқимонда 5 нафар ҷойи кории худро иваз карда, 4 нафар ба кори дигар гузашта ва 1 нафар фавтидааст.
Дар шаҳри Бӯстон низ соли гузашта 25 нафар табиб бо сабабҳои гуногун тарки пеша карда, аз 25 нафар табибони тарки пеша карда 11 нафар ба Русия рафтаанд.
Дар пайи афзудани шумори тарки кор кардани табибон мақомот дар Суғд бунёди хонаҳои хидматӣ ба мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустиро ваъда медиҳанд.
Раёсати тандурустӣ мегӯяд, дар назар аст боз барои ҳавасмандкунии табибони ҷавон аз буҷи мақомот маблағ ҷудо мешавад ва бо он маблағ табибонро барои такмили ихтисос ба кишварҳои хориҷ сафарбар мекунанд.
Вилояти Суғд яке аз бузургтарин вилоятҳои Тоҷикистон аст, ки ҳоло расман бештар аз 2,7 миллион аҳолӣ дорад. Ба гуфтаи мақомоти тандурустӣ ҳоло барои аҳолии вилоят 5304 табиб ва 18151 кормандони миёнаи тиббӣ хидмат мерасонанд, ки нишондиҳандаи таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19,3 дарсад ва кормандони миёнаи тиб ба 65,9 дарсад баробар аст.
Ба иттилои Раёсати тандурустӣ, ҳоло дар бемористонҳои вилояти Суғд пеш аз ҳама ба табибони оилавӣ, анестезиолог, равонпизишк, наркологҳо ва физиотерапивтҳо ниёз аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Генсек ОДКБ анонсировал принятие программы по обустройству таджикско-афганской границы
Уголовные дела за лайки. Изменится ли ситуация после критики президента?
Международный форум Digital Tajikistan собрал в Душанбе более 1000 делегатов
В Таджикистане археологи обнаружили уникальные артефакты на могильнике Шахидон
Ятимов и Ташиев встретились на севере Таджикистана. Договоренности не раскрыты
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста