Автобус бо хатсайри аввал ба Тирмиз рӯзи ҷумъа, 8 апрел соати 10:00 раҳсипор мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон”.

Ба гуфтаи як корманди ширкат, билети автобус то Тирмиз 80 сомонӣ нарх дошта, масофаи роҳ 251 км ва дар роҳ 5,5 соат вақт сарф мешавад.

1/5

Аз Душанбе то Деҳнав бо ҳамин автобус 55 сомонӣ нарх муқаррар шуда, масофаи роҳ 107 км ва вақт дар роҳ 2,5 соатро дар бар мегирад. Алҳол дар як ҳафта 1 хатсайр рӯзҳои ҷумъа пешбинӣ шудааст.

Автобус бегоҳӣ ба Тирмиз расида, бо хатсайри бозгашт ба Душанбе соати 10:00-и субҳи рӯзи дигар ба роҳ мебарояд.

Барои харидани билет шаҳрвандон шиносномаи хориҷӣ ва гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зидди COVID-19-ро бояд бо худ дошта бошанд. Барои дарёфти маълумоти муфассал ва пайдо шудани саволҳо метавонед бо рақами телефони 1616 муроҷиат кунед.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 низ хатсайри автобуси Душанбе-Тирмиз роҳандозӣ шуда, лекин аз лиҳози иқтисодӣ натиҷаҳои дилхоҳ надод, аз ин рӯ, бинобар сабаби зиёновар буданаш, хатсайр баста шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.