Пойгоҳи“Диссернет” Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд (Мутиева Саодат Журажоновна), муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистонро ба асардуздӣ муттаҳам кардааст. Пойгоҳ навиштааст, ки Ҷӯрахонзода ҳангоми навиштани рисолаи илмияш ба плагиат даст задааст. Ин маълумотро пойгоҳи мазкур имрӯз, 5 апрели соли равон нашр кардааст.
Ҷӯрахонзода аз ин пештар, то моҳи феврали соли 2020 дар мақоми директори Институти тадқиқотии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор мекард.
Пойгоҳ навиштааст, ки Ҷурахонзода Саодат (Мутиева) ҳангоми навиштани рисолаи номзадияш дар мавзӯи “Такмили системаи хидматрасонии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Совершенствование системы оказания услуг служб занятости в Республике Таджикистан) бахши зиёди кори худро аз аз рисолаи илмии Елена Мелнова “Услуги службы занятости на рынке труда” (Хидматрасонии шуғли аҳолӣ дар бозори меҳнат), ки соли 2002 дифоъ шудааст, рӯйбардор карда, даст ба асардӯздӣ задааст.
“Диссернет” навиштааст, ки Ҷурахонзода (Мутиева) аз 149 саҳифаи кори докториаш 115 саҳифаашро аз рисолаи илмии Елена Мелнова саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Саодат Ҷӯрахонзода дар як суҳбати телефонӣ бо "Азия-Плюс" аз шарҳи ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" худдорӣ кард.
Пойгоҳ менависад, ки Саодат Мутиева (Ҷурахонзода) 14 майи соли соли 2011 рисолаи доктории худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини собиқи вазири маориф ва илм ва раиси собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Диловар Қодирзода дифоъ кардааст.
Ба навиштаи "Диссернет" Ҷӯрахонзода кори илмияшро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳқиқ кардааст.
Мутиева Саодат Журажоновна, Ҷурахонзода Саодати Хурсанд аст, ки соли 2011 ҳангоми дифои рисолаи номзадӣ ҳанӯз ному насабашро тоҷикӣ накарда буд. Ҳамин тариқ, ҳуҷҷатҳои расмӣ низ тасдиқ мекунанд, ки ӯ то замони тоҷикӣ намудани ному насабаш Мутиева Саодат будааст.
Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” менависад, ки 20 январи соли 2022 Шӯрои ҳимояи рисолаҳои D310.001.03 дар Академияи гумруки Русия тавсия додааст, ки хонум Мутиева аз дараҷаи илмии номазади илмҳои иқтисодӣ маҳрум карда шавад.
Саодат Ҷурахонзода соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ба ҳайси устод дар Донишгоҳи технологӣ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ дарс додааст.
Ҷӯрахонзода моҳи феврали соли 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси МТС-и назди президент таъин шуд.
Беш аз 60 олими тоҷик дар рӯйхати “Диссернет”.
Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.
Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.
Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.
Раиси ВАК: “Таҳқиқоти “Диссернет” фармоишӣ ва кори дасти худи тоҷикон аст"
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК- и Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ, натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” – ро фармоишӣ номида гуфт, ин кори дасти худи тоҷикон аст ва барои он маблағи калон сарф мешавад.
- Аз будаш зиёд ҳангома ҳам мекунанд. Ман фикр мекунам, ки кори ин пойгоҳ чандон тоза ҳам нест. Вақте ки нигоҳ мекунед, ба мушоҳида мерасад, ки ин кори дасти худи тоҷикон аст. Вале ман факт надорам. Аммо ҳаст, ки аз ҳамин ҷойҳо фармоиш мешавад. Ин кор пули калон талаб мекунад. Яъне фармоишӣ буданаш эҳсос мешавад, -гуфта буд Розиқзода.
Дар ҳамин ҳол, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҷаласае аз норасоии омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта, ба мисли дотсент ва профессор дар донишгоҳҳое, ки омӯзгор омода мекунанд, изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, онҳо бояд омӯзгорони ҷавони унвондорро ба кор ҷалб кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста