Дар Тоҷикистон 92,9% ё худ 5 млн 202 ҳазору 268 нафар аҳолии тибқи нақша пешбинишуда бо вояи 1-уми ваксинаи зидди COVID-19 фаро гирифта шуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, инчунин 5 млн 27 ҳазору 496 нафар ё худ 89,8% вояи 2-юми ваксинаро низ гирифтаанд.
Гуфта мешавад, бо вояи сеюм то ҳол 1 млн 756 ҳазору 58 нафар ё худ 31,4%-и аҳолии тибқи нақша пешбингардида фаро гирифта шудаанд.
Дар Вазорат зикр кардаанд, ки агар шахс ваксина гирифта набошад, метавонад дар дармонгоҳи маҳалли зисташ вояи 3-юми ваксинаро эм кунад.
Қобили зикр аст, ки маъракаи ваксинзании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон 23 марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.
Барои саривақт ваксинзании аҳолӣ, даст ёфтан ба масуният (иммунитет)-и дастаҷамъона ва пешгирии паҳншавии коронавирус тариқи механизми байнулмилалии COVAX ва кумаки башардӯстона аз оғози сол ба Тоҷикистон 14 млн 516 ҳазору 60 вояи ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac, Moderna, Pfizer и Спутник V оварда шуд.
“Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд”, - таъкид мешавад дар хабари Вазорат.
Аз оғози пандемия тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 17 феврал шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар нафарро ташкил медиҳад.
Шумори фавтидагон аз беморӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми соли гузашта инҷониб бетағйир боқӣ монда, ба 124 нафар баробар аст.
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муовимат бо коронавируси ҷумҳурӣ аз 7 март, ниқобпӯшии ҳатмӣ бекор карда шуд.