Имсол Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гирифтани нафақа аз Русия ҳуқуқ доранд, 321 млн рубл, соли 2023 - 444 млн рубл ва соли 2024 - 1,01 млрд рубл ҷудо мекунад.
Ҳукумати Русия шартнома дар бораи ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистонро дар соҳаи таъминот бо нафақа маъқул шуморид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҳукумат хабар дода мешавад.
“Лоиҳаи қонуни федералӣ «Дар бораи тасвиби Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа» тасдиқ карда, бо тартиби муқарраршуда ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шавад”, - омадааст дар хабар.
Шартнома байни кишварҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд.
Дар гузашта парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ созишнома бо Русия дар бораи таъминоти муҳоҷирон бо нафақаро тасдиқ карда буд.
Шартнома ба усули баробарӣ асос ёфта, масъулияти молиявии ҷонибҳоро оид ба пешниҳоди таъминоти суғуртавӣ ба ҳуқуқҳои нафақа, ки дар қаламрави онҳо гирифта шудааст, пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, муқаррар карда мешавад, ки дар ҳолати ба макони зисти доимӣ рафтани шахси суғурташуда ба давлати сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда мувофиқи интихоби ӯ аз ҷониби тарафи гуфтушунидкарда, таъинкарда ё дар қаламрави ин кишвари гуфтушунидкарда идома меёбад ё ба қаламрави тарафи дигари гуфтушунидкарда гузаронида мешавад.
Бино ба маълумоти Regnum.ru, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунгузории Русия дар солҳои 2022-2023 ба синнусоли нафақа мерасанд, 3 932 нафар ва дар соли 2024 - 8 241 нафарро ташкил медиҳад.
Ба аввали соли 2022 маблағи миёнаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синнусол 6 902,82 рубл, соли 2023 - 7 697,48 рубл ва соли 2024 - 8 567,78 рублро ташкил медиҳад.
Хароҷоти марбут ба таъин ва пардохти нафақа ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, бо назардошти 354 нафар дар солҳои 2022 ва 2023 ва 724 нафар дар соли 2024 дар соли 2022 - 38,5 млн рубл (аз моҳи март то декабр) (3,8 млн рубл дар як моҳ) (маблағи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ - 10 178,31 рубл), дар соли 2023 - 49,5 млн рубл дар як сол (маблағи миёнаи нафақаи суғуртавӣ - 10,962,04 рубл) ва дар соли 2024 - 109 млн рубл дар як сол (маблағи миёнаинафақаи иҷтимоӣ - 11 904,78 рубл)-ро ташкил хоҳанд дод.
Тамоми хароҷот ба пардохти нафақаи суғуртавӣ, нафақаи андӯхта ва дигар пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андӯхтаи нафақа, инчунин нафақаи иҷтимоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2022 - 321 млн рубл (аз моҳи март то декабр) (32 млн рубл дар як моҳ), соли 2023 - 444 млн рубл ва соли 2024 - 1,01 млрд рубл дар як солро ташкил хоҳад дод.