Маоши аз ҳама баланд дар минтақа ба омӯзгорони Қазоқистон пардохт мешавад, ки нисбат ба дигар кишварҳо хеле зиёдтар аст.
Тоҷикистон
Тибқи ититилои Оҷонсии омори ҷумҳурӣ, маоши миёнаи омӯзгорон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 215 сомону 50 дирам аст. Вале аз рӯйи дараҷаи тахассусӣ маоши онҳо фарқ мекунад.

Ӯзбекистон
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, маоши миёнаи омӯзгорон дар ин кишвар 2 млн 299 ҳазору 438 сӯм ($208,09) мебошад.

Қазоқистон
Шурӯъ аз 1 январи соли 2022 маоши омӯзгорон дар Қазоқистон ҳудуди 25 дарсад зиёд шуд. Ҳоло омӯзгорони ин кишвар ба ҳисоби миёна чунин маош мегиранд:

Қирғизистон
Аз 1 апрели соли равон маоши муаллимон дар ин кишвар зиёд шуд. Акнун маоши миёнаи онҳо 17 тыс. 255 сом ($213,62)-ро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки маоши омӯзгорон дар ин кишвар на аз рӯи дараҷа, балки аз рӯи таҷрибаи корӣ ва сарборӣ пардохт мешавад.
Агар пештар таҷрибаи корӣ аз 5 сол оғоз мешуд, ҳоло таҷрибаи корӣ аз 3 сол ҳисоб мешавад.
Барои собиқаи корӣ

Ҳамчунин агар муаллими бетаҷрибаи корӣ 1,5 сарборӣ кор кунад, 25,8 ҳазор сом ($314,63) мегирад.