Довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври иловагӣ доранд, метавонанд оид ба ин масъала то 9‑уми июл аризаи худро пешниҳод кунанд.
Ба иттилои Маркази миллии тестӣ (ММТ), довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.
Арзиши хизматрасонӣ барои иштирок дар даврии иловагии ИМД чунин муқаррар гардидааст: — довталабони беимтиёз 70 сомонӣ, — довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, ё довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» - 35 сомонӣ мукарар шудааст. Барои довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола ва маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб» ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд, имтиҳонсупорӣ ройгон мебошад.
Гуфта мешавад, ки даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Маблағи хизматрасонӣ барои иштироки довталаб дар даври иловагии ИМД бояд пешакӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумурӣ ё тавассути барномаи мобилии “Амонатмобайл” (то 9-уми июл) пардохт карда шавад.
Зикр мешавад, ки варақаи аризаро довталаб аз маркази имтиҳонӣ ё бахши минтақавии Марказ (дар давраи имтиҳонҳо – аз 1-ум то 7-уми июл), худи Марказ ё сомонаи он дастрас карда метавонад.
Довталабон метавонанд аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ низ ба Марказ ([email protected]) пешниҳод намоянд.
Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он:
Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 192
Телефонҳо: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68
Сомона: www.ntc.tj
Почтаи электронӣ: [email protected]
Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67;
Хоруғ: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;
- телефон: 915 57 90 77, 915 20 72 29.
Рашт: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: 987 28 61 73, (+992 3131) 2 15 78.
Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5;
- телефон: 915 66 11 77, 926 44 11 48.
Панҷакент: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:
- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: 988 18 86 78, (+992 3222) 5 50 51.
Бохтар: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:
- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35;
- телефон: 915 98 00 64, (+992 3222) 3 05 41.
Кӯлоб: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:
- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;
- телефон: 915 98 00 63, 915 57 90 77.
Данғара: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:
- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;
- телефон: 935 44 95 05, (+992 3312) 2 17 86.
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Что изменится в отношении США к Центральной Азии с приходом Дональда Трампа?
Путин объявил о серийном производстве баллистической ракеты «Орешник»
В Таджикистане стартует акция "Техосмотр". МВД разъясняет ее правила и цели
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередная смерть солдата, отчаянное видеообращение и награда за поддержку Ягноба
Жапаров подписал закон о запрете электронных сигарет в Кыргызстане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста