Вохӯрии рӯзноманигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ, бо ҳамсараш дирӯз 5 июл дар боздоштгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ғурбатӣ рӯзи 15 июн бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) боздошт шудааст.
Мубораки Қосим, ҳамсари рӯзноманигор Абудуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ӯ дирӯз бо Абдулло дидор дошта, ҳудуди як соат суҳбат кардаанд.
Номбурда гуфт, ки ҳолати Абдулло хуб буда, бовар дорад, ки тафтишот ба зудӣ ва ба хубӣ анҷом меёбад ва назди хонаводааш бармегардад.
"Ҳолаш хуб аст, суҳбати хуб доштем. Бовар дорам, ки озодаш мекунанд. Иншоаллоҳ ҳамаш бахайр аст», - илова намуд Муборак.
Ҳамсари рӯзноманигор илова кард, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дӯстон, ба расонаҳои хабарӣ ва ба кулли мардум паём расонд ва гуфтааст, ки «Моро фаромуш накунед».
Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни иҷрои фаъолияти касбиаш ба мушкилот дучор мешавад. Рӯзи 29 майи соли 2020 дар ноҳияи Хуросон ӯ аз ҷониби шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт. Ин ҷо ӯ барои таҳияи гузориш дар бораи офати табиӣ омада буд.
Се нафар ҳамлагаронро баъдан пайдо карданд (рӯзноманигор рақами мошини онҳоро аксбардорӣ намуда, ба милитсия ариза пешниҳод кард). Барои авбошӣ ҳар кадоме аз онҳо 10 нишондиҳанда барои ҳисоб (580 сомонӣ) ҷарима шуд.
Ин ҳамлаи дуюм ба журналист буд. Шоми рӯзи 11 майи ҳамон сол шахсони номаълуми ниқобпӯш Абдуллоҳ Ғурбатиро дар назди хонааш лату кӯб карданд. Он замон гунаҳкорон пайдо нашуда буданд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи 15 июн июн рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҷониби прокуратруи ноҳияи Шоҳмансур боздошт гардида, баъдан ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Тавре қаблан адвокати онҳо Абдураҳмон Шарипов ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, Далери Имомалӣ, ки з ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) боз шуда буд, моддаи нав - 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ") гунаҳгор дониста мешавад.
Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.
Қаблан Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба ҳайси наворбардор бо Д.Имомалӣ кор мекунад, иттиҳомро рад карда буд.
«Музыка – моя основная страсть». Валиджон Азизов о хайпе, секретах успеха и настоящем живом исполнении
«Молодежь в бизнесе»: нетворкинг, поддержка и истории успеха
«Меня, последнего динозавра советской культуры, забыли…» Хошим Гадо обратился с открытым письмом к президенту Таджикистана
Зарплаты курьеров в России превзошли доходы IT-специалистов
Рогунскую ГЭС назвали «ядром регионального рынка электроэнергии в Центральной Азии»
Безразличие и коррупция. Президент Таджикистана раскритиковал представителей судебной системы
ЕБРР и НБТ при поддержке Европейского Союза обучают специалистов финсектора Таджикистана
Как увеличить срок службы автомобиля: лайфхаки, о которых вам не расскажут автосервисы
Глава «Спитамен Иншуренс» вошел в ТОП-100 успешных людей Таджикистана
ЕАБР занес в единую базу данные о финансировании стран региона международными донорами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста