Дар шаҳри Душанбе арзиши миёнаи 1 метри мураббаъ хона 4 ҳазору 170 сомонӣ аст ва он дар муқоиса бо арзиши миёнаи хона дар дигар давлатҳо пасттар аст. Дар ин бора имрӯз, 21 июл Муҳаммадсаид Зувайдзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Зувайдзода гуфт, ки муайян кардани нархи хонаҳо ба чанд омил - музди маоши кормандон, қувваи истифодабарии машинаву механикаҳо ва масолеҳи сохтмон вобаст аст.
"Нархи хонаҳои мо дар муқоиса бо дигар давлатҳо пасттаррин аст ва кумита низ ҳаракат намуда истодааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо нархи хонаҳо ҳам ба инобат гирифтат шавад, то ба мардум дастрас шавад", - афзуд Зувайдзода.
Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар шаш моҳи соли равон 588 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.
Ба таъкиди ин ниҳод, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар 65 шаҳру ноҳия дар 683 иншоот 802 санҷиш гузаронидааст. Дар натиҷа, 17 ҳазору 79 камбудӣ ба маблағи 705 ҳазор 480 сомонӣ ошкор шудааст.
Арзонтар гуфтани нархи хонаҳо дар кишвар нисбат ба дигар давлатҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҳолест, ки ҳамарӯза аҳолӣ аз гаронии нархи хонаҳо дар кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе нигаронӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ҳарчанд шумораи сохтмони хонаҳо дар кишвар зиёд мешавад, вале сол аз сол нархи онҳо қимат мегардад. Аҳолӣ инчунин, аз сифати сохтмони хонаҳо низ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе низ дар як ҷаласа аз сохтмони иншоот дар пойтахт изҳори норозигӣ карда, дастур дода буд, ки дар наздиктраин фурсат камбудиҳо дар ин самт бартараф карда шаванд.
Он замон маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар дода буд, ки Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки солҳои ахир сохтмони манзил барои аҳолӣ зиёд шуда, дар баробари ин сифати сохтмонро беҳтар кардан лозим аст, то ки биноҳои сохташуда ба насли оянда муддати тӯлонӣ хидмат кунанд.
“Иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъморӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд”, - таъкид дошта буд шаҳрдори Душанбе дар ҷаласа.
Ба гуфтаи раиси пойтхт, дар сохтмони манзил ширкатҳо меъёрҳоро риоя намекунанд ва дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд.
“Зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд”, - изҳор дошта буд Рустами Эмомалӣ.
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста