Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишвар бозгардонии садҳо ҷилд китоби “Қуръон”-ро аз сӯи Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон надоштани ташхиси диншиносии ин ниҳод ва риоя накардани тартиби ворид намудани адабиёти динӣ арзёбӣ кард.
Сулаймон Давлатзода, роҳбари ин ниҳод, имрӯз, 25 июл дар ҳузури журналистон афзуд, ин китобҳо аз ташхиси динии Кумитаи дини Тоҷикистон нагузашта буданд ва аз ин рӯ, Раёсати гумруки вилояти Хатлон онҳоро бозгардонид.
- Ворид кардани адабиёти динӣ ба кишвар як тартиби муайян дорад. Ҳама гуна адабиёти динӣ, фарқ надорад, вай адабиёти пайравони кадом дин аст, пеш аз ворид шудан ба ҳудуди Тоҷикистон бояд, аз ташхиси диншиносӣ гузарад. Ҳолате, ки дар Раёсати гумруки Хатлон сурат гирифт, муроҷиат накардани онҳо барои гузаронидан аз ташхиси динӣ ба Кумитаи дин аст, - гуфт Давлатзода.
Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки дар дохили кишвар низ барои чопи адабиёти динӣ шароит ҳаст ва соли гузашта нашри навбатии китоби “Қуръон” ба роҳ мондаанд.
Давлатзода, ҳамчунин гуфт, ки ҳар ташкилоти дине, ки мехоҳад адабиёташ дар дохили Тоҷикистон нашр шавад, тибқи тартиб агар ба Кумита муроҷиат кунад, ба онҳо иҷозат медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Радиои “Озодӣ” навишт, ки Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон садҳо ҷилд китоби "Қуръон"-ро ба Афғонистон бозпас фиристод.
Сӯҳроб Зокиров, як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон, ҳангоми нишасти хабарӣ рӯзи 22-юми июл гуфта буд, ки ҳазор ҷилди "Қуръон" бе ҳамоҳангӣ бо Кумитаи дин оварда шуда буданд ва бинобар ҳамин, онҳоро ба Афғонистон бозпас фиристоданд.
Мақомот шумораи китобҳоро дақиқ нагуфтанд, вале афзуданд, як донааш тақрибан 2,50 кило аст. Вазни умумии китобҳо 13 тонна гуфта шуд.
Чанд сол пеш мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки минбаъд адабиёти диние, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, мавриди санҷиш қарор мегирад.




От «челночницы» до бизнес-леди: как Дильбар Расулова в одиночку построила бизнес и вырастила детей
В МВД России предложили расширить основания для выдворения мигрантов
Сколько дней на Навруз будут отдыхать школьники и студенты в Таджикистане?
Новый сезон — новые цены. Сколько стоят клубы футбольного чемпионата Таджикистана
В Таджикистане приостановили программы УЦА? В университете прокомментировали ситуацию
На грани голода. Закрытие границ с Пакистаном и Ираном грозит Афганистану продовольственной катастрофой
Хатлонская область будет сотрудничать с тремя регионами России
«Азия-Плюс» запустила чат-бот, который учит цифровой безопасности
В Таджикистане определили квоты на отстрел краснокнижных животных
Мобильное приложение «Арванд»: безопасность, удобство и полный контроль над финансами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста