Шоми рӯзи 25 июл 146 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, аз ин теъдод 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдак мебошанд, ки бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд.
“Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта тамоми чораҳо амалӣ карда шуда, Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.
Қаблан 21 июл дар Димишқ мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар паноҳгоҳи Роҷ ва Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.
Ин занон аз соли 2018 ба ин тараф аз мақомот мехоҳанд, то онҳоро ба ватан баргардонанд. Бештари онҳо дар Сурия худро фиребхӯрда медонанд ва мегӯянд, шавҳаронашон онҳоро ба инҷо овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд.
В Таджикистане построят пять центров дзюдо
В США вынесли приговор узбекистанцу, устроившему теракт в Манхэттене
Западные союзники решились на отправку танков в Украину. Как это изменит ход войны?
В Казахстане вступили в силу обновленные правила въезда
В России предлагают амнистировать депортированных мигрантов-строителей
Количество жертв холодов в Афганистане достигло 157 человек
Страны ОИС поддержали кандидатуру Таджикистана в непостоянные члены Совбеза ООН
В Таджикистане упорядочат оборот акцизных марок для алкоголя и табака
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 января 2023 года
Назван самый красивый мужчина в мире
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста